Тафсири Сураи Наба Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наба Ояти 7
وَّالۡجِبَالَ اَوۡتَادًا ٧
Ва-л-ҷибала автада. 7.
7. Ва кӯҳҳоро мехҳо нагардонидем?
Яъне Аллоҳтаъоло ба хотири ором гирифтани Замин ва мустаҳкамии он кӯҳҳоро мехи Замин гардонид. Дар ҳақиқат аз дидани кӯҳҳои бузургу баланд кас ба ҳайрат меафтад. Ба ҷуз Худованд кӣ метавонад онҳоро биофарад? Ҳеҷ зоте ғайри Аллоҳ наметавонад. Зеро онҳо нишонаҳои санъати Офаридгори бузурганд. Ба ақидаи олимони кӯҳшинос, ҳар қадар, ки кӯҳ аз рӯйи Замин баланд бошад, ба андозаи 4,5 баробар зиёдтар аз вай дар дохили Замин қарор дорад. Ин аст, ки Худованд онҳоро мехи Замин гуфтааст. Агар кӯҳҳо мехи Замин гардонида намешуданд, он мисли ҳолати ҳозирааш ба як маром қарор намегирифт. Ин фикрро олимони соҳаи кӯҳшиносӣ низ тасдиқ доранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наба «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «