Тафсири Сураи Нахл Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 22
إِلَٰهُكُمْ إِلَٰهٌ وَاحِدٌ ۚ فَالَّذِينَ لَا يُؤْمِنُونَ بِالْآخِرَةِ قُلُوبُهُمْ مُنْكِرَةٌ وَهُمْ مُسْتَكْبِرُونَ ٢٢
Илаҳукум Илаҳу-в-Ваҳид. Фа-л-лазӣ ла юъминуна би-л-ахирати қулубуҳум-м мункирату-в ва ҳум-м мустакбирун. 22.
22. Маъбуди шумо Худои ягона аст. Пас, ононе ки ба охират мӯътақид намешаванд, дилҳои онҳо инкоркунанда аст ва онҳо саркашанд.
Бо истифода аз далелҳое, ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, бо андак тафаккур метавон бар мавҷудият ва ягонагии Парвардигор боварӣ ҳосил кард. Барои пайдо кардани ин ҳақиқат касе ҷустуҷӯ мекунад, ки дар андешаи оқибати кори хеш аст. Аз ин лиҳоз ояти мазкур фармудааст, ки Худои шумо Худои ягона аст. Оре! Ҳақиқати якка ва ягона будани Худои субҳон, ҳақиқати инкорнашаванда аст. Касоне, ки ба рӯзи охират имон надоранд ва дар андешаи оқибати кори хеш нестанд, зоҳиран ҳам набошад, ботинан ваҳдонияти Парвардигорро инкор доранд. Нишонаи чунин тоифа он аст, ки ҳеҷ панду андарз ва ҳеҷ мавъиза барои онҳо судманд намешавад. Чунин тоифа мутакаббиру саркашанд, ба ҳақ тан дар намедиҳанд, сухани ҳақро намепазиранд, эътироф ба тавҳид (яктопарастӣ), эҳтиром ба Пайғамбарон дар зоҳиру ботини онҳо дида намешавад, ҳоло он ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «