Тафсири Сураи Нахл Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 21
أَمْوَاتٌ غَيْرُ أَحْيَاءٍ ۖ وَمَا يَشْعُرُونَ أَيَّانَ يُبْعَثُونَ ٢١
Амватун ғайру аҳйаи-в ва ма яшъуруна аййана юбъасун. 21.
21. Мурдагонанд, на зиндаи ҷондор ва намедонанд, ки кай барангехта хоҳанд шуд.
Аз ин гузашта бутҳо ҳаргиз аз ҳаёт бӯе набурдаанд, балки онҳо мавҷудоти мурдаанд. Лоақал онҳо зинда нестанд, ки аз ибодати мушрикон огоҳ шаванд. Ҳаёт дар онҳо билкул дида намешавад, то подош, ё ҷазо ба дасти онҳо бошад. Ҳатто онҳо худашон, ё ибодаткунандагонашон рӯзи растохез дар кадом замону дар кадом макон аз нав зинда гардонида мешаванд, намедонанд. Пас, ба кадом далел мушрикон бутҳоро мавриди парастиш қарор медиҳанд?
Хулоса, моҳияти масъала дар он аст, ки ҳар касе чизеро (қабр, дарахт, расм ва ғ.)-ро баробари Аллоҳ таъоло қарор диҳад ва сарнавишти худро дар дасти он чиз бидонад, ӯ мушрикасту бутпараст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «