Сураи Наҳл Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 39

لِيُبَيِّنَ لَهُمُ الَّذِي يَخْتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعْلَمَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّهُمْ كَانُوا كَاذِبِينَ ٣٩

Ли юбаййина лаҳуму-л лазӣ яхталифуна фӣҳи ва ли яълама-л-лазӣна кафару аннаҳум кану казибӣн. 39.

39. (Оре, барангезад!), то баён кунад барои онҳо он чиро, ки дар он ихтилоф мекунанд ва то касоне, ки кофир шуданд, бидонанд, ки онҳо дурӯғгӯ буданд.

Савол шуданаш мумкин аст, ки Аллоҳ таъоло дар рӯзе, ки онро растохез аз нав зинда гаштани ҷасадҳо аз қабр мегӯянд, чаро ҳамаи мурдагонро ҳаёти нав мебахшад? Ояти мазкур ҳикмату мақсади ин масъаларо баён карда аст, ки дар ҳаёти дунёи имрӯза дар бисёр масъалаҳо мардум байни худ ихтилоф доранд. Масалан, баъзе инсонҳо мегӯянд, ки «Худо ҳаст», баъзе, наъузу биллоҳ, мегӯянд, ки «Худо нест». Баъзе аз мардум Худоро Ягона мегӯянд, баъзе ба Ӯ таъоло чизеро шарик ҳисобида, ҳатто ба Ӯ таъоло зану фарзандро нисбат медиҳанд. Мусулмонон дар он ақидаанд, ки ба Пайғамбарону китобҳои илоҳӣ, ки ба онҳо омадааст ва ҳамчунин ба фариштагону ба рӯзи қиёмат ва ба дигар ҳақиқатҳои дини илоҳӣ бояд имон овард. Баъзеҳо мегӯянд, инҳо афсонаанд, бовар кардан шарт нест. Баъзеҳо мегӯянд, ки дар баробари имон овардан, амалҳои солеҳ бояд анҷом дод. Баъзеҳо мегӯянд, имон овардан кофӣ аст, амал шарт нест. Мусулмонон гӯянд, ки дини Ислом барои тамоми соҳаи ҳаёти мо дар ҳама давру замон дастур шуда метавонад. Баъзеҳо мегӯянд, ки замону давр дигар шуду мувофиқи асру модели ҳозира бояд зиндагӣ кард.

Хулоса, ихтилофҳо хело ҳам бисёранду умри инсон нокифоя. Яке аз ҳикмати аз нав зинда гардонидани инсонҳо барои он аст, ки ақида ва фикри кадом инсонҳо ҳақ асту кадом кас ботил (ноҳақ) зоҳир шавад, муъмини итоаткор аз гунаҳкори саркаш ва золим аз мазлум ҷудо гардаду адолат ҷорӣ шавад ва ба ин васила кофирон бидонанд, ки худ дурӯғгӯянд.

Барои маълумоти бештар ба ояти 22-юми сураи «Қоф» ва ояти 9-уми сураи «Ториқ» ва ояти 48-ӯми сураи «Иброҳим» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)