Сураи Наҳл Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 40

إِنَّمَا قَوْلُنَا لِشَيْءٍ إِذَا أَرَدْنَاهُ أَنْ نَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ ٤٠

Иннама қавлуна ли шай-ин иза араднаҳу ан-н-нақула лаҳу кун фа якун. 40.

40. Ҷуз ин нест, ки офаридани чизеро хоҳем, сухани Мо ин аст, ки мар он чизро мегӯем: «Бишав!», пас, бишавад.

Худованд дар ин оят ҳақиқатро баён карда, гуфтааст, ки агар мушрикон зинда шудани инсонро дар рӯзи қиёмат маҳол шуморанд, сахт иштибоҳ кардаанд. Бояд бидонанд, ки қудрати Парвардигор аз фикру хаёли ботинии онҳо бартару болотар аст. Агар Худованд пайдо шудани чизеро ирода кунад, гуфтани як сухан кифоя аст. Яъне мегӯяд: «Мавҷуд шав!», бе ягон фосила он чиз мавҷуд мешавад. Оре! Банда бояд дар қудрати Парвардигори хеш ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошад. Албатта, рӯзе мешавад, ки ҳама мурдагон бори дигар аз нав зинда мешаванд. Марҳалаҳои рӯзи қиёматро як-як мегузаранд.

Барои муқоиса бо аҳволи мушрикон, ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, ҳоло дар ояти зер аҳволи шахсони муҳоҷиру муъмин баён мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)