Тафсири Сураи Нахл Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 38
وَأَقْسَمُوا بِاللَّهِ جَهْدَ أَيْمَانِهِمْ ۙ لَا يَبْعَثُ اللَّهُ مَنْ يَمُوتُ ۚ بَلَىٰ وَعْدًا عَلَيْهِ حَقًّا وَلَٰكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لَا يَعْلَمُونَ ٣٨
Ва ақсаму биллаҳи ҷаҳда айманиҳим ла ябъасуллоҳу ма-я ямут. Бала ваъдан ъалайҳи ҳаққа-в ва лакинна аксара-н-наси ла яъламун. 38.
38. Ва бо муҳкамтарин савгандҳояшон ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ касеро, ки бимиронд, барнаангезад. На чунон аст, ки онҳо мегӯянд! Оре! Барангезад, ваъдаи дуруст бар Вай лозим шуд, валекин аксари мардум намедонанд.
Агар барои фарди мусалмон аз масъалаҳои эътиқодӣ ва муҳим ба якка ва ягона будани Аллоҳ таъоло бо дил боварӣ кардану бо забон иқрор кардан (имон овардан) дар дараҷаи аввал бошад, ба рӯзи қиёмату ҳодисаҳои он ва аз нав зинда шудан бовар кардану имон овардан дар дараҷаи дувум аст. Оре! Масъалаи баъди мурдан, бори дигар зинда шудан, аз замонҳои қадим то ҳол барои шахсоне, ки қудрати Парвардигорро бо қудрати башар муқоиса мекунанд, як масъалаи мушкил ба ҳисоб меравад. Ҳатто ҳозир ҳам инсонҳое ҳастанд, ки ба вуҷуди Аллоҳи Ягона боварӣ доранд, лекин бори дигар зиндашуданро бовар надоранд. Мушрикони Макка низ аз ин қабил инсонҳо буданд: Онҳо чун ин масъаларо аз Расулуллоҳ (с) мешуниданд, ба мунозира бархоста, суханҳои худро бо савганди ба номи Аллоҳ маҳкамтар карда мегуфтанд, ки мурда, ки пӯсиду хок шуд, Худованд онро чӣ хел аз нав зинда мекунад? Ин ҳеҷ мумкин нест!.
Дар давоми ояти мазкур Худованд фармудааст, ки на чунон аст, ки мушрикон бардурӯғ мегӯянд. Ваъдаи назди Худованд ҳисобу китоб шудан ҳатмист. Зеро Худованд ваъдаи аз нав зинда гардонидани инсонҳоро баъд аз миронидан барои Худ лозим гардонидааст. Худованд ҳаргиз ваъдаи Худро хилоф намекунад, албатта, ваъдаи Худро ба анҷом мерасонад, вале бештари мардум намедонанд, ки такроран ҳаёт бахшидан ба инсони мурда (ё дигар махлуқи мурда), мисли бахшидани ҳаёти аввала, барои Худованд ҳеҷ мушкилие надорад. Ин нодонӣ натиҷаи тасаввуроти нодурусти онҳо дар бораи қудрати Худованд аст. Аксари мардум қудрати Худовандро бо қудрати инсон муқоиса мекунанд ва ба хулосаҳои нодуруст меоянд. Ҳоло он ки қудрат ва сифатҳои Худои таъоло аз қудрат ва сифатҳои инсоният куллан фарқ мекунанд ва ҳеҷ бо ҳам муқоисашаванда нестанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «