Сураи Наҳл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 43

وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ إِلَّا رِجَالًا نُوحِي إِلَيْهِمْ ۚ فَاسْأَلُوا أَهْلَ الذِّكْرِ إِنْ كُنْتُمْ لَا تَعْلَمُونَ ٤٣

Ва ма арсална мин қаблика илла риҷалан-н-нуҳӣ илайҳим. Фас-алу аҳла-з-зикри ин кунтум ла таъламун. 43.

43. Ва Мо нафиристодем пеш аз ту, магар мардонеро, ки ба сӯйи онҳо ваҳй мефиристодем, пас, агар намедонед аз аҳли зикр (бохабарон) савол кунед.

Аз маънои оятҳои гузашта маълум шуд, ки мушрикон ба Расулуллоҳ (с) таъна мезаданд, ки ту мисли мо инсон ҳастӣ, чаро даъвои пайғамбарӣ мекунӣ? Чаро Худованд барои ин кор фариштаеро гумошта накард? Ё мегуфтанд, ки чаро ту ба як нерӯи фавқулодда муҷаҳҳаз нестӣ, то мо ба имон овардан маҷбур шавем? ва ҳоказо. Ояти мазкур посухи ишколи мушрикон буда, Худованд фармудааст, ки ҳар пайғамбареро, ки барои ҳидояти мардум фиристода бошем, одатан ӯ фаришта ё зан нест, балки мард аст ва албатта, ваҳйи худро ба ӯ расонидаем.

Бинобар ин, эй мушрикон ва эй шахсоне, ки ба пайғамбарии Муҳаммад (с) бовар надоред, агар намедонед ва ба гуфтаҳои Мо бовар надоред, аз аҳли зикр (аҳли китоб), яъне аз яҳуд ва насоро пурсед, ки оё пайғамбар аз ҷинси одам аст ва ё аз ҷинси дигар? Албатта, онҳо ба шумо ҷавоби дуруст медиҳанд. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)