Сураи Наҳл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 44

بِالْبَيِّنَاتِ وَالزُّبُرِ ۗ وَأَنْزَلْنَا إِلَيْكَ الذِّكْرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيْهِمْ وَلَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُونَ ٤٤

Би-л-баййинати ва-з-зубур. Ва анзална илайка-з-зикра ли тубаййина ли-н-наси ма нуззила илайҳим ва лаъаллаҳум ятафаккарун. 44.

44. Онҳоро бо далелҳо ва Китобҳо фиристодем. Ва ба сӯйи ту ёддошт (Қуръон)-ро (низ) фуруд фиристодем, то барои мардум он чиро, ки ба сӯйи онҳо фиристода шудааст, баён кунӣ, то шояд онҳо андеша кунанд.

Ҷумлаи аввали ояти мазкур бо эътибори маънои умум, валлоҳу аълам, ҷузъ ва давоми ояти қаблист. Яъне агар мушрикон аз кӣ будани пайғамбарони гузашта огоҳ набошанд, бояд ба донишмандони муъмину боинсофи аҳли китобҳои собиқ муроҷиъат кунанд. То аз суханҳои онҳо фаҳманд, ки дар гузашта дар ҳақиқат Худованд байни мардум пайғамбаронро фиристод, то ин ки онҳо пайғамбари барҳаққ будани худро исбот карда тавонанд, Худованд чун Офтоб далелҳои равшану ошкор китобҳоеро, ки таълимоту барномаи пайғамбарӣ дар онҳо дарҷ шуда буд, ба онҳо дода буд. Сипас рӯйи суханро ба Пайғамбар (с) гардонида, Худованд гуфтааст, ки ҳамчунин мо ин зикр (Қуръон)-ро барои ту нозил кардем, то он чӣ ба сӯйи мардум нозил шудааст, барои онҳо баён кунӣ. Шояд, ки мушрикони Қурайш тафаккур кунанд ва роҳи ҳаққро ёбанд.

Дар ояти зер аҳволи мутаккабироне, ки худро аз макри Аллоҳтаъоло дар амон меҳисобанду дар охир ба уқубати ногувор рӯ ба рӯ мешаванд, баён шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)