Сураи Наҳл Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 47

أَوْ يَأْخُذَهُمْ عَلَىٰ تَخَوُّفٍ فَإِنَّ رَبَّكُمْ لَرَءُوفٌ رَحِيمٌ ٤٧

Ав яъхузаҳум ъала тахаввуфин фа инна Раббакум ла Рауфу-р-Раҳӣм. 47.

47. Ё онҳоро баъд аз тарс бигирад? Пас, Парвардигори шумо, албатта, меҳрубону бахшоянда аст.

Қаблан дар оятҳои 45-46-ум тарзҳо ва ҳолатҳои гуногуни ба азоби илоҳӣ гирифтор шудани макркунандагони зидди Ислом баён шуд:

Аввал, фурӯ бурдани замин,

Дувум, омадани азобу ҳалокати ногаҳонӣ аз ҷое, ки интизор набуданд,

Савум, омадани ҳалокат дар ҳолати сафар ва машғулият дар коре.

Ҳоло дар қисми аввали ояти мазкур тарзи чаҳоруми ба азоби илоҳӣ гирифтор шудани онҳо баён шуда гуфтааст, ки агар макркунандагон хабардор шаванд, ки қавмҳои дигар ба офату балоҳо гирифтор шудаанд. Аз шунидани ин хабар ваҳшатзада шаванд ва тарсанд, аммо гумон кунанд, ки ин балоҳо ба сари онҳо намеоянд. Ин гумони онҳо хатост. Онҳо ғофил нашванд. Агар ислоҳ нашаванд, рӯзе бало мисли онҳо ба суроғашон хоҳад омад. Дар давоми оят омадааст, ки Парвардигори шумо бисёр меҳрубон ва ниҳоят бораҳмаст. Оре! Ингуна батадриҷ омадани азоб болои тавтиагарон маънои онро дорад, ки ҳанӯз умеди ислоҳшавии онҳо боқист. Ин барои онҳо раҳмати Парвардигор аст, ки ҳоло ба онҳо муҳлат додаасту амр надодааст, ки чун қавми Оду Самуд ҳама якбора аз беху бун нобуд шаванд.

Хулоса, агар тавтиагарон ислоҳ нашаванд, мувофиқи гуноҳҳояшон ваъдаи азоби илоҳӣ муқаррар аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)