Сураи Наҳл Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 46

أَوْ يَأْخُذَهُمْ فِي تَقَلُّبِهِمْ فَمَا هُمْ بِمُعْجِزِينَ ٤٦

Ав яъхузаҳум фӣ тақаллубиҳим фа ма ҳум би муъҷизӣн. 46.

46. Ё (Худо) онҳоро дар рафтуомадашон бигирад? Пас, онҳо Худоро оҷизкунанда нестанд.

Макркунандагон, агарчи аз шаҳре ба шаҳре рафтуомад мекунанд, саёҳату тиҷорат мекунанд, бояд мағрур нашаванду аз Худо битарсанд. Агар Худованд онҳоро дар роҳ ё дар он шаҳрҳои мусофирӣ ба балое гирифтор кунад, оё ягон воситае дар ихтиёр доранд, ки Худовандро оҷиз гардонад? Надоранд! Дар он ҳолат худро ба куҷо мезананду ба куҷо паноҳ мебаранд? Ба кадом қувва боварӣ доранд, ки ба хотири ҷамъ аз дини Худо фармуда дур мешаванд, алайҳи он макрҳо мекунанду муборизаҳо мебаранд?

Барои маълумоти бештар ба ояти 16-17-уми сураи «Мулк» муроҷиъат шавад. Ояти зер ин маъноро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)