Тафсири Сураи Нахл Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 49
وَلِلَّهِ يَسْجُدُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الْأَرْضِ مِنْ دَابَّةٍ وَالْمَلَائِكَةُ وَهُمْ لَا يَسْتَكْبِرُونَ ٤٩
Ва лиллаҳи ясҷуду ма фи-с-самавати ва ма фи-л-арЗи мин даббати-в ва-л-малаикату ва ҳум ла ястакбирун. 49.
49. Ва аз ҷунбандагон он чӣ дар осмонҳост ва он чи дар Замин аст ва фариштагон Худоро саҷда мекунанд ва онҳо саркашӣ намекунанд.
Ояти мазкур итоъати мавҷудоти осмонӣ ва заминиро ба як барномаи умумӣ зикр карда фармудааст, ки ҳар он махлуқоте (офаридае), ки дар осмонҳост ва ҳаргуна ҷунбандагоне, ки дар замин аст ва ҳамчунин фариштагон бо фурӯтанӣ барои Худованд саҷда мекунанд. Дар байни онҳо мисли инсон саркаши мутакаббиру кофир нест. Бе ягон қайду шарт ҳама ба Худованд ва қонуну фармонҳои Ӯ таъоло таслиманд. Баёни сифати фариштагон дар ояти зер идома дорад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «