Тафсири Сураи Нахл Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 50
يَخَافُونَ رَبَّهُمْ مِنْ فَوْقِهِمْ وَيَفْعَلُونَ مَا يُؤْمَرُونَ ۩ ٥٠
Яхофуна Раббаҳу-м мин фавқиҳим ва яфъалуна ма юъмарун. 50.
50. Аз Парвардигори болои худ метарсанд ва он чӣ фармуда мешаванд, иҷро мекунанд.
Худованд ду сифати фариштагонро дар ин оят баён намуда дар аввал фармудааст, ки яке аз сифати фариштагон ин аст, ки дар онҳо асло кибру ғурур набуда, балки аз мухолифати ба Парвардигорашон, ки Ҳоким бар онҳост, метарсанд. Дигар ин ки вазифаҳои худро бо хубӣ ва бечуну чаро, фаврӣ анҷом медиҳанд. Барои маълумоти бештар ба ояти 6-уми сураи «Анъом» муроҷиъат шавад.
Хулоса, дар байни махлуқот фақат гурӯҳе аз инсонҳо аз Парвардигори худ наметарсанд ва амри Ӯро иҷро намекунанд. Аз ин рӯ, кофирон ва мушрикон дар сафи саҷдакунандагон дохил намешаванд!
Оятҳои зер таъкид бар он доранд, ки ягона дар дунё неъматдиҳанда Ӯ таъолост.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «