Сураи Наҳл Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 59

يَتَوَارَىٰ مِنَ الْقَوْمِ مِنْ سُوءِ مَا بُشِّرَ بِهِ ۚ أَيُمْسِكُهُ عَلَىٰ هُونٍ أَمْ يَدُسُّهُ فِي التُّرَابِ ۗ أَلَا سَاءَ مَا يَحْكُمُونَ ٥٩

Ятавара мина-л-қавми мин суи ма бушшира биҳ. А-юмсикуҳу ъала ҳунин ам ядуссуҳу фи-т-туроб. Ала саа ма яҳкумун. 59.

59. Аз нохушии он чӣ мужда дода шуд, аз қавм пинҳон шавад, (дар фикр шавад, ки) оё он мавлудро ба хорӣ нигоҳ дорад ё ӯро зинда дар хок кунад. Огоҳ шавед, он чӣ мушрикон мекунанд, ҳукми баду ноодилона аст.

Чун дар хонаи мушрикон духтар таваллуд мешуду онҳо ин муждаро мешуниданд, аз рӯйи ору номус дар куҷо пинҳон кардани худро намедонистанд. Аз қавму қабилаи худ ғоиб мешуданду бо андӯҳу нанг ба фикру андеша фурӯ мерафтанд ва дар миёни ду фикр мемонданд. Оё ору номусро ба гардан гирифта духтарро бо хорию шармандагӣ, беиззату бе эҳтиром нигоҳ доранд ё зинда ба зинда гураш кунанд.?

Худованд дар ояти мазкур фармуд, ки огоҳ шавед! Духтаронро бо хорӣ нигоҳ доштан, ё зинда дар гӯр кардан кори бад аст.

Ин чӣ бад доварист, ки духтаронеро, ки мавриди нафраташон қарор мегирифтанд ба Худо нисбат медиҳанду, писарони дилхоҳро ба худашон? Ояти зер сифати дигаре аз мушриконро баён кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)