Тафсири Сураи Нахл Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 64
وَمَا أَنْزَلْنَا عَلَيْكَ الْكِتَابَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ الَّذِي اخْتَلَفُوا فِيهِ ۙ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ ٦٤
Ва ма анзална ъалайка-л-китаба илла ли тубаййина лаҳуму-л-лазихталафу фӣҳи ва ҳуда-в ва раҳмата-л ли қавми-я юъминун. 64.
64. Ва Мо Китобро бар ту фуруд наёвардем, магар ба сабаби он, ки он чиро ки дар он ихтилоф карданд, барои онҳо баён кунӣ ва то барои қавме ки имон меоваранд, ҳидоят (роҳнамо) ва бахшоиш бошад.
Дар ояти мазкур ҳадафи фиристода шудани китоб (Қуръон) ба Пайғамбарамон (с) баён шуда аст. Дар он Худованд бо хитоб ба Расулуллоҳ (с) фармудааст, ки Мо Қуръонро ба хотири он бар ту нозил кардаем, ки он чиро, ки дар он ихтилоф доранд, мисли масъалаҳои яктопарастӣ, охират, ҳукми ҳалолу ҳаром ва ғайра барои онҳо баён кунӣ, зеро Қуръон барои шахсоне, ки имон доранд, мояи ҳидоят аст. Оре! Ба оғӯши раҳмати илоҳӣ даромадан насиби касонест, ки бо сидқи дил ҳукмҳои Қуръонро қабул мекунанд ва ба рағбати том имон меоранд. Қуръон аз дили чунин шахсон васвасаҳои шайтониро мезудояд, пардаҳои фиребандаи нафси аммораи шайтонсифатро аз рӯйи ҳақиқат канор мезанад, хурофотҳои фиребандаро ошкор месозад, нури ҳидоятро дар ҳама ҷо пош медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «