Тафсири Сураи Нахл Ояти 67 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 67
وَمِنْ ثَمَرَاتِ النَّخِيلِ وَالْأَعْنَابِ تَتَّخِذُونَ مِنْهُ سَكَرًا وَرِزْقًا حَسَنًا ۗ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَآيَةً لِقَوْمٍ يَعْقِلُونَ ٦٧
Ва мин самароти-н-нахӣли ва-л-аънаби таттахизуна минҳу сакара-в ва ризқан ҳасана. Инна фӣ залика ла аята-л ли қавми-я яъқилун. 67.
67. Ва аз меваи дарахтони хурмо ва дарахтони ангур ҳам шароби масткунанда ва ҳам рӯзии ҳалол месозед. Ҳаройина, дар ин кор гурӯҳеро, ки бо хирад дармеёбанд, нишонаҳост.
Ба хонандаи гиромӣ ёдовар мешавем, ки нозилшавии ин оят қабл аз ҳаром ҳукм шудани шароб буд ва ин аввалин ояте, аст, ки аз мастиовар будани шароб ёдовар мешавад.
Дарахти хурмо ва дарахти ангур низ аз неъматҳои Худоанд, ки ба бандагони Худ ҳадя намудааст. Агар эътибор дода шавад, онҳо ва меваҳои онҳо низ муъҷизаанд. Аз меваи онҳо инсон метавонад бо коркарди махсус барои худ ҳам шароби масткунанда истеҳсол мекунад ва ҳам ризқи некӯ (ҳалол) мисли: шарбат, сирко, мавиз, меваи хушк ва ғайра.
Хулоса, Худованд ин гуна меваҷотро дар ихтиёри инсонҳо қарор дод, инсон метавонад гоҳо аз онҳо шароби масткунандаи зиёновар ҳосил кунад, ё аз онҳо ризқи поку покиза ба даст оварад. Албатта, дар маънои матни ин оят барои мардуме, ки ақлу хиради худро дуруст кор мефармоянд, нишонаи дигарест аз қудратҳои Парвардигор, ки бар вуҷуди ягонагии Ӯ далолат мекунанд.
Дар ҳадиси шариф омадааст, ки ҳангоми нузули ояти мазкур Пайғамбар (с) фармудаанд: «Парвардигоратон барои таҳрими шароб (масткунанда) муқаддимаҳо пешбинӣ кардааст».
Ибни Аббос (р) дар шарҳи дар калимаҳои паи ҳам чидашудаи «масткунанда» ва «ризқи некӯ» чунин гуфтааст: «масткунанда» самара ва маҳсули ҳаром (аз меваи ҳалол) аст ва «ризқи некӯ» мева ва маҳсули ҳалол аст.
Бардоштҳои фоиданок аз ин оят:
1.Ояти мазкур яке аз аввалин оятест, ки дар Қуръони карим дар бораи нӯшобаҳои масткунанда (алкули) нозил шудааст.
2. Агарчи дар ин оят дар бораи нӯшобаҳои мастовар сароҳатан ҳукме нашуда бошад ҳам, локин дар тарзи нигориш пай дар пай истифода шудани калимаҳои «шароби масткунанда» ва «ризқи некӯ» ишораи нозук ва муҳимме ҳаст ва барои аҳли хирад ҳушдор медиҳад, ки баъди нузули ин оят, дар оянда оятҳое нозил мешаванд, ки ба ҳаром будани нӯшобаҳои алкоголӣ ошкоро далолат мекунанд.
3. Дар ҳукм байни нӯшобаи мастовар, ки аз хурмо, ангур, гандум, ҷав, ҷуворимакка ва асал гирифта шавад, фарқе нест.
Барои фаҳми бештар ба оятҳои 34-35-36-уми сураи «Ё Син» муроҷиъат шавад: Валлоҳу аълам.
Ояти зер барои ибрат гирифтани бандагон далели дигарест аз қудрату ҳикмати Парвардигор.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «