Тафсири Сураи Нахл Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 70
وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ ثُمَّ يَتَوَفَّاكُمْ ۚ وَمِنْكُمْ مَنْ يُرَدُّ إِلَىٰ أَرْذَلِ الْعُمُرِ لِكَيْ لَا يَعْلَمَ بَعْدَ عِلْمٍ شَيْئًا ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ قَدِيرٌ ٧٠
Валлоҳу халақакум сумма ятаваффакум. Ва минкум ма-я юрадду ила арзали-л ъумури ли кайла яълама баъда ъилмин шай-а. Инналлоҳа Ъалӣмун Қадӣр. 70.
70. Ва Аллоҳ шуморо биёфарид, боз шуморо бимиронад ва аз шумо касе ҳаст, ки ба сӯйи хортарин давраи зиндагонӣ рад карда шавад, то ки баъд аз донистан чизеро надонад. Ҳаройина, Аллоҳ донову тавоност.
Ояти мазкур эътибори инсонро, ба бузургтарин неъмати ба ӯ атошуда (ҳаёт) ҷалб намуда мефармояд, ки Худованд Зотест, ки шуморо офарид, бояд ба Офаридгори худ имон оред, шукр кунед, Ӯро холисона ибодат кунед. Сипас Ӯ таъоло боз шуморо мемиронад, ӯро дар чунин сифатҳо (офаранда ва миронанда) бояд шиносед. Афсӯс, ки аксари мардум ба шинохтани Худованд кӯшиш намекунанд. Бинобар ин, гунаҳкору ношукру кофир мешаванд. Дар ҷумлаи дуввум омадааст, ки Худованд баъзе инсонро ба пиронсолӣ ба хортарин даври умр мерасонад, ки қуввати ҷисмонӣ ва хотирааш суст мегардад. Аз дидани чунин пирҳои фартут бояд ибрат гирифт.
Икрима (р) гуфтанд: «Касе ба Қуръонхонӣ машғул бошад, кораш ба инҷо намерасад». Дар ҳадиси шариф бо ривояи Имом Бухорӣ аз Анас (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин дуъо мекарданд: «Аъузу бика минал бухли вал касали вал ҳирами ва арозилил ъумури ва азобил қабри ва фитнатид-даҷҷоли ва фитнатил маҳё вал мамот».
«Худоё ба Ту панноҳ мебарам аз бухлу танбалию фартутӣ, ва аз хортарин давраи умр ва азоби қабр ва аз фитнаи даҷҷол ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг.
Дар ҷумлаи охири ояти мазкур омадаст, ки қатъан, Худо донову тавоност. Оре! Худованд, чигунае ки бихоҳад, ҳоли инсонро тағйр медиҳад ё инсонро ҳангоми соҳиби қувват ва солим буданаш, гирифтори марг мегардонад ё бо мурури замон пири фартут гардонида ба хортарин ҳол меорад, зеро Ӯ донову тавоност ва ин ҳама қудрат аз ихтиёри инсон берун ва дар ихтиёри Ӯст.
Хулоса, Худованд шуморо офарид, чун вақти маргатон фаро расад, руҳи шуморо мегирад. Маълум аст, ки инсон офарандаи ҳаёт ва марг ва миқдори тӯли ҳаёти худ нест. Ин Худованд аст, ки донову қодир аст, ҳама қудратҳо дар ихтиёри Ӯст бо ҳар миқдоре, ки салоҳ бинад, ба бандааш умр мебахшад ва агар лозим донад, мегирад. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «