Сураи Наҳл Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 71

وَاللَّهُ فَضَّلَ بَعْضَكُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ فِي الرِّزْقِ ۚ فَمَا الَّذِينَ فُضِّلُوا بِرَادِّي رِزْقِهِمْ عَلَىٰ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُهُمْ فَهُمْ فِيهِ سَوَاءٌ ۚ أَفَبِنِعْمَةِ اللَّهِ يَجْحَدُونَ ٧١

Валлоҳу фаЗЗала баъЗакум ъала баъЗин фи-р-ризқ. Фа ма-л-лазӣна фуЗЗилу би раддӣ ризқиҳим ъала ма малакат аймануҳум фа ҳум фӣҳи саваъ. А-фа би ниъматиллаҳи яҷҳадун. 71.

71. Ва Худо баъзеи шуморо бар баъзе дар рӯзӣ бартарӣ дод, пас, ононе, ки афзунӣ дода шудаанд, намехоҳанд бар онҳое, ки дастҳояшон молики онҳо шудааст, рӯзии худро бозгардонанд, то бардагону соҳибони онҳо дар рӯзӣ яксон бошанд. Оё неъмати Парвардигорро инкор мекунанд?!

Аз оятҳои аввали сура то ҳол гоҳ зимнан, гоҳо сароҳатан зикр шуд, ки Худованд барои бандагони Худ ризқу рӯзӣ ва неъматҳои бе ҳисоб додааст. Аммо зиёд ё кам кардани ризқу рӯзӣ дар ихтиёри банда нест. Ин Худованд аст, ки баъзеро ризқу рӯзии зиёд медиҳад ва баъзеро чунон танг мегардонад, ки қариб аст, ки қути лоямути худро ҳам намеёбад.

Ба қавли баъзе аз муфассирон «Худованд Зотест, ки якеро молик (шоҳ) дигареро мамлук (барда) гардонидааст. Онҳо шабу рӯз барои моликон кор мекунанд. Чаро мушрикон баъзе аз чаҳорпоён, ё баъзе аз зироъати худро ба бутҳои сангину чӯбин, ки камтарин таъсире дар зиндагии инсон надоранд назр мекунанду ба харҷ мерасонанд? Чаро ҳозир нестанд қисме аз дороии худро ба он бардагони худ, ки шабу рӯз ба онҳо хизмат мекунанд, сарф кунанду онҳоро дар молҳои худ шарик бисозанд? Оё аз Аллоҳ таъоло будани ин неъматҳоро инкор доранд? Агар аз Аллоҳ донанд, бояд дар роҳе, ки розигии Аллоҳ дар он аст, сарф кунанд. Чаро мушрикону амсоли онҳо дар фикри ба даст овардани ризои Аллоҳ нестанд? Модоме розӣ нестанд, ки ғуломони худро дар молҳои худ, шарик бисозанд, то зиндагии онҳо бо ҳам яксон бошад, пас чаро касеро, ё бутеро, ё дигар ашёро шарики Худо қарор дода мол сарф мекунанд?»

Хулоса, касе моли худро, хоҳ ӯ мушрик бошад ё ғайр, дар роҳи ботил сарф мекунад, оё фикр намекунанд, ки ин амал маънои онро дорад, ки неъмати Худовандро мункир шудааст?


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)