Тафсири Сураи Нахл Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 85
وَإِذَا رَأَى الَّذِينَ ظَلَمُوا الْعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنْهُمْ وَلَا هُمْ يُنْظَرُونَ ٨٥
Ва иза раа-л-лазӣна заламу-л ъазаба фа ла юхаффафу ъанҳум ва ла ҳум юнзарун. 85.
85. Ва чун ситамгарон азобро бинанд (изтироб кунанд), пас, аз онҳо сабук карда нашавад ва на онҳо муҳлат дода шаванд.
Ҳангоме ки золимони ситампеша аз марҳалаи ҳисоб мегузаранд, азоби илоҳиро мебинанд ва дар баробари он қарор мегиранд, дар изтироб шуда гоҳо тақозои он мекунанд, ки азоб аз онҳо сабук карда шавад, гоҳо мехоҳанд ба онҳо муҳлат дода шаваду худро ислоҳ кунанд. Аммо на аз азоб ба онҳо сабукӣ дода мешаваду на муҳлат, то ин ки тавба кунанд. Балки торафт азоб барояшон зиёд мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «