Сураи Наҳл Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 84 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 84

وَيَوْمَ نَبْعَثُ مِنْ كُلِّ أُمَّةٍ شَهِيدًا ثُمَّ لَا يُؤْذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُوا وَلَا هُمْ يُسْتَعْتَبُونَ ٨٤

Ва явма набъасу мин кулли умматин шаҳӣдан сумма ла юъзану лил лазӣна кафару ва ла ҳум юстаътабун. 84.

84. Ва он рӯз, ки аз ҳар гурӯҳ гувоҳе (пайғамбарашонро) барангезем, сипас, барои шахсоне, ки кофир шуданд, иҷоза дода нашавад (, ки узр гӯянд) ва на тавбаашон қабул карда шавад.

Ояти мазкур аз як тараф барои шахсоне, ки зикрашон дар оятҳои қаблӣ гузашт, ҳушдор медиҳад, ки ҳоло вақт боқист, таҷдиди назар кунанд ва барои ислоҳи худ бархезанд. Аз тарафи дигар ба гӯшаи аз муҷозоти дарднок дар ҷаҳони дигар ва сарнавишти шуми кофирон ишора карда фармудааст, ки ай мушрикон, ба хотир биёваред рӯзеро, ки мо дар он рӯз барои ҳар уммат гувоҳе барпо мекунем. Бо назардошти ояти дигаре, ки ҳамоҳанги ояти мазкур аст, он рӯз рӯзи қиёмат аст, ки барои кору кирдори ҳар уммати гузашта пайғамбарашонро Худованд гувоҳ мегардонад. Пайғамбарон барои умматҳои худ ошкоро мегӯянд, ки Парвардигоро! Ҳар чизеро, ки ба ман таълим дода будӣ ман бе каму кост ба онҳо расонидам, баъзеашон таълимоти маро қабул карданд, баъзеашон инкор карданд. Умматоне, ки пайғамбарашонро роҳбар нагирифта кофир шуданд, дар он рӯз, дар он додгоҳ мехоҳанд узр гӯянду иҷозаи сухан гуфтан ба онҳо дода шавад. Локин ҳайҳот, зеро вақти тавбаву узр гуфтан гузаштааст. Дар он ҳолат бисёр мехоҳанд, Худованд онҳоро бисёр итоб сарзаниш кунаду баъди он имкон диҳад, ки бо узру тавба Худовандро розӣ кунанд, локин ҳайҳот ингуна фурсати тавба дар он ҳолат нест, билфарз бошад, ҳам аз онҳо қабул карда намешавад. Баръакс, чуноне ки ин ҳақиқат дар сураи «Ё Син», ояти 36-ум гузаштааст, ҳатто навбат барои сухан гуфтан ба забон намерасад, балки дасту по, гӯш, чашму пӯст, бадан, замин, ки болои он амали гуноҳ ё савоб кардааст, гувоҳӣ медиҳанд.

Ояти зер идомаи ояти қаблист.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 83 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 85 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)