Тафсири Сураи Нахл Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 9
وَعَلَى اللَّهِ قَصْدُ السَّبِيلِ وَمِنْهَا جَائِرٌ ۚ وَلَوْ شَاءَ لَهَدَاكُمْ أَجْمَعِينَ ٩
Ва ъалаллоҳи қасду-с-сабӣли ва минҳа ҷаир. Ва лав шаа ла ҳадакум аҷмаъӣн. 9.
9. Ва танҳо (бо) роҳи миёна (роҳи росту адлу инсоф) ҳидоят кардан бар уҳдаи Худост ва баъзе роҳҳо (чун яҳудият ва насроният,) каҷ аст. Ва агар Вай мехост, ҳамаи шуморо як ҷо роҳ (ҳидоят) менамуд.
Баъди баҳсҳои моддие, ки дар оятҳои қаблӣ гузашт, Худованд дар ин оят роҳҳои маънавии диниро барои инсон баён карда фармудааст, ки нишон додани роҳи росте, ки инсонро бо осонӣ ба матлаб мерасонад, яъне ба некиҳои ин дунё ва некиҳои охират мерасонад ва аз оташи Дӯзах халос мекунад, бар уҳдаи Худованд аст. Аммо баъзе аз он роҳҳо монанди роҳи яҳудият ва насроният ва маҷусият (оташпарастӣ) каҷу бероҳа буда, инсонро гумроҳ мекунанд. Агар Худованд мехост, метавонист ҳамаи мардумро маҷбуран ба як роҳ равона кунад. Аммо ин тавр накард. Балки бо фиристодани пайғамбарон ва китобҳо барои инсонҳо роҳи ростро аз роҳҳои каҷ маълум ва равшан кард. Ба инсон ақлу истеъдод дод, инчунин ба ӯ ихтиёри ҷузъӣ (ҳуқуқи интихоби яке аз ин роҳҳоро) низ дод. Худованд инсонро барои рафтан бо яке аз ин роҳҳо маҷбур намекунад. Инсон дар интихоби роҳи зиндагии ин дунё соҳибихтиёр аст. Агар инсон хоҳад, роҳи рост (роҳи шариъати Ислом)-ро интихоб мекунад ва ба авҷи болотарини камоли инсонӣ мерасад ва баръакс агар хоҳад, роҳи каҷ, (роҳи ғайри исломи)-ро интихоб мекунад ва ба поёнтарин дараҷаи инсонӣ фурӯ меравад.
Ояти зер, то ин ки оташи ишқи Парвардигор дар дили инсонҳо биафзояд ва онҳоро ба сӯйи бахшандаи ин неъматҳо бештар даъват кунад, боз ба суроғаи офаридаҳои моддӣ мебарад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «