Тафсири Сураи Нахл Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 8
وَالْخَيْلَ وَالْبِغَالَ وَالْحَمِيرَ لِتَرْكَبُوهَا وَزِينَةً ۚ وَيَخْلُقُ مَا لَا تَعْلَمُونَ ٨
Ва-л-хайла ва-л-биғала ва-л ҳамӣра ли таркабуҳа ва зӣнаҳ. Ва яхлуқу ма ла таъламун. 8.
8. Ва офаридем аспонро ва уштурон ва харонро, то бар онҳо савор шавед ва ҳам барои зинату ороиши шумо бошанд. Ва Худованд он чиро, ки шумо намедонед, меофарад.
Худованд дар ин оят гуфтааст, ки аспҳо, уштурҳо ва харҳо на танҳо василаи боркашӣ ва саворшавӣ мебошанд, балки инҳоро барои зиннати шумо низ офаридаем.
Зиннати он се синфи ҳайвонот барои инсон дар чист? Баъзе аз муфассирон гуфтаанд: “Агар андеша шавад, ҳар махлуқ мувофиқи худ зиннате дорад. Масалан: Агар инсон масофаи дурро пиёда тай кунад, ӯ хаставу ғуборолуд гашта, чанд рӯзи дигар ба истироҳат муҳтоҷ мешавад. Агар ин масофаро бо ҳайвонҳои саворӣ тай кунад, чи аз лиҳози сарфи вақт ва чи аз лиҳози сарфи қуввати баданӣ, метавонад бурд ҳосил кунад ва намуди зоҳириашро низ комилан ҳифз кунад. Оё ин зиннат нест?”
Қисми охири ояти мазкур хабар медиҳад, ки ончиро, ки шумо намедонед, Худованд меофарад. Яъне Худованд ба ғайр аз уштур, асп, хар ва хачир, барои саворшавӣ, боркашӣ ва зиннати шумо дар оянда боз чизҳое меофарад, ки шумо намедонед.
Ин пешгӯии Қуръони Карим дар ҳақиқат бо гузашти замон тасдиқ шуд. Масалан, дар замони нозилшавии Қуръон (14 аср пештар) ба ғайр аз ҳайвонҳо, боз киштиҳои белдор ва бодбонӣ мавҷуд буданд, ки инсонҳо ва борҳоро бо роҳҳои обӣ аз манзиле ба манзиле мебурданд. Оё инсон дар шароити он замон медонист, ки киштие сохта мешавад, ки бе истифодаи қувваи инсон, ё қувваи бод, ба кадом самте, ки инсон хоҳад, ҳаракат мекунад? Оё инсон медонист, ки худрав (автомобил) сохта мешавад, ки инсон ва борҳоро бо роҳи хушкӣ аз манзиле ба манзиле мебарад? Оё инсон аз сохта шудани қатора, ки бо роҳи оҳан бор мекашонад, хабар дошт? Оё аз сохта шудани тайёра (ҳавопаймо), хабар дошт? Албатта, хабар надошт. Инҳо чизҳоеанд, ки Худованд инсони ихтироъкунанда ва созандаи онҳоро офарид.
Муфассирон ин қисми ояти мазкурро ба муъҷизаи илмии Қуръони карим таъаллуқ медонанд, ки ҳар яке мувофиқи асри худ кашф хоҳад шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «