Тафсири Сураи Нахл Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 91
وَأَوْفُوا بِعَهْدِ اللَّهِ إِذَا عَاهَدْتُمْ وَلَا تَنْقُضُوا الْأَيْمَانَ بَعْدَ تَوْكِيدِهَا وَقَدْ جَعَلْتُمُ اللَّهَ عَلَيْكُمْ كَفِيلًا ۚ إِنَّ اللَّهَ يَعْلَمُ مَا تَفْعَلُونَ ٩١
Ва авфу би ъаҳдиллаҳи иза ъаҳаттум ва ла танқуЗу-л-аймана баъда тавкӣдиҳа ва қад ҷаъалтумуллоҳа ъалайкум кафӣла. Инналлоҳа яъламу ма тафъалун. 91.
91. Ва ба Худо чун аҳд бандед, вафо кунед ва савгандҳоро баъди муҳкам сохтани онҳо машиканед ва ба дурустӣ ки Худоро бар хеш кафил сохтаед. Ҳаройина, он чӣ мекунед, Худо медонад.
Баъзе муфассирон сабаби нузули ояти мазкурро чунин гуфтаанд: Замоне ки ҷамъияти мусалмонон кам буд ва гурӯҳи душманон фаровон. Дар он асно муъминон эҳсоси танҳогӣ мекашиданд. Имкон дошт баъзе аз суст иродаҳо байъате, ки бо Расулуллоҳ (с) карда буданд, бишкананду аз ҳимояи ӯ (с) даст кашанд. Ҳамоно ояти мазкур ҳамчу ҳушдор ба онҳо нозил шуд ва муҳимтарин таълимотро Худо баён фармуд, ки ба аҳде, ки бо Худо бастаед, вафодор бошед. Зеро мустаҳкам доштани паймонҳо далел бар имон доштани шумост. Ҳамчунин савгандҳои худро, ки ба номи Аллоҳ таъкид кардаеду Ӯро кафили иҷрои қасами худ гардонидаед нашиканед, зеро Худованд аз тамоми амалҳои шумо огоҳ аст.
Хулоса, маънои ояти мазкур умумӣ буда, ҳамаи аҳдҳоеро, ки мардум бо Худо ва расули Ӯ, ё байни худашон мебанданд, ё ду давлат бо ҳам мебанданд, шомил аст ва устувор нигоҳ доштану нашикастани аҳдҳоро талаб мекунад. Агар аҳди баста шикаста шавад, барои шиканандагон ҷазои бад муқаррар шудааст.
Ояти зер мисоле аст барои фаҳми ояти 91-ум:
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «