Сураи Наҳл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 92

وَلَا تَكُونُوا كَالَّتِي نَقَضَتْ غَزْلَهَا مِنْ بَعْدِ قُوَّةٍ أَنْكَاثًا تَتَّخِذُونَ أَيْمَانَكُمْ دَخَلًا بَيْنَكُمْ أَنْ تَكُونَ أُمَّةٌ هِيَ أَرْبَىٰ مِنْ أُمَّةٍ ۚ إِنَّمَا يَبْلُوكُمُ اللَّهُ بِهِ ۚ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مَا كُنْتُمْ فِيهِ تَخْتَلِفُونَ ٩٢

Ва ла такуну ка-л латӣ нақаЗат ғазлаҳа мин баъди қувватин анкасан таттахизуна айманакум дахалан байнакум ан такуна умматун ҳия арба мин уммаҳ. Иннама яблукумуллоҳу биҳ. Ва ла юбаййинанна лакум явма-л қийамати ма кунтум фӣҳи тахталифун. 92.

92. Ва монанди зане мабошед, ки риштаи худро аз баъди устуворӣ пора-пора сохта гусаст (канд)-а кард. Ва савгандҳои худро дар миёни худ, ба сабаби он, ки гурӯҳе аз гурӯҳе зиёда бошад, макру баҳона нагиред. Ҷуз ин нест, ки Худо шуморо ба он афзунӣ меозмояд ва рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, албатта, барои шумо баён мекунад.

Ба аҳд вафо кардан барои суботи ҳар ҷомеъа муҳимтарин омил аст. Худованд бо оҳанги маломатомез, дар ояти мазкур фармудааст, ки шумо дар шикастани аҳду паймонҳо монанди зане набошед, ки то ним рӯз аз пашм ресмони мустаҳкам мересад ва порчаеро мебофад, баъди бофтан боз ҳамаро пора-пора мекунад.

Хулоса, касоне, ки бо Расулуллоҳ (с) байъат мекунанд, ё қасам мехӯранду бо дигарон аҳду паймон мекунанд, дар сурати дидани нобаробариҳо мехоҳанд, ба ҳолати аввала баргарданд, мисли зани аҳмақеанд, ки дар Макка буд. Вай чун аз риштае барои фоидаи худ ва дигарон порчаи матоъеро мебофт, пеш аз он ки худаш, ё дигарон аз он фоида баранд, он парчаро мекушоду ба сурати аввалааш бармегардонид.

Сипас Худованд дар давоми оят изофа мекунад, ки шумо дар қавлу қасами худ устувор бошед. Агар бо қасамҳо ва таъкидҳо бо қавме аҳднома бастаед, чун қавми дигареро барӯмандтар дидед, набояд ба хотири обрӯ, ё пурқувватии онҳо аҳдшиканӣ кунед, яъне аҳди ба қавми аввал бастаи худро шикаста, барои манфиатҳо ба қавми дигар напайвандед. Огоҳ бошед, ки ба василаи аҳду паймонҳоятон Худованд шуморо мавриди озмоиши қарор медиҳад. Ба ҳар ҳол рӯзи қиёмат Худованд аз дилҳои шумо пардаро мебардорад ва натиҷаи ин озмоиш ва чизеро, ки дар он ихтилоф доштед, барои шумо ошкор месозад. Дар он рӯз пушаймонӣ дигар барои шумо суд надорад. Дунё манзили озмоиш аст. Натиҷаи ин ҳама имтиҳону озмоиш, албатта, рӯзи қиёмат зоҳир мегардад ва байни ҳама хусуматҳо, золиму мазлум файсала хоҳад шуд. Касе ба ваъдаи худ вафо карда, ё накарда қасами худро шикаста фиребкорӣ карда, ё байни мардум ихтилофҳо андохта бошад, ҳамааш назди Худованд маълум аст. Вай рӯзи қиёмат ба ҳама кирдораш як-як ҷавоб медиҳад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 91 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)