Тафсири Сураи Нахл Ояти 90 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 90
۞ إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُ بِالْعَدْلِ وَالْإِحْسَانِ وَإِيتَاءِ ذِي الْقُرْبَىٰ وَيَنْهَىٰ عَنِ الْفَحْشَاءِ وَالْمُنْكَرِ وَالْبَغْيِ ۚ يَعِظُكُمْ لَعَلَّكُمْ تَذَكَّرُونَ ٩٠
۞ Инналлоҳа яъмуру би-л ъадли ва-л-иҳсани ва ӣтои зи-л-қурба ва янҳа ъани-л фаҳшаи ва-л-мункари ва-л-бағя. Яъизукум лаъаллакум тазаккарун. 90.
90. Ҳаройина, Худо ба инсофу некукорӣ ва ба хешовандон эҳсон карданро мефармояд ва аз беҳаёӣ ва кори нописанд ва аз зулму таъаддӣ манъ мекунад, шуморо панд медиҳад, то бошад, ки шумо пандпазир шавед.
Ҷомеътарин масъалаҳои таълимоти исломӣ, чи иҷтимоъӣ бошад, ё ахлоқӣ, зери маънои ояти мазкур баён шудааст. Дар аввал Худованд ба шаш асли муҳим, ки сеи он ҷанбаи мусбат ва сеи дигар ҷанбаи манфӣ дорад, ишора карда ба бандагони Худ фармудааст, ки ай мардум, Худованд шуморо амр мекунад, ки дар ҳама кор, чи дунёи бошаду чи ухравӣ, бо адлу эҳсону инсоф кор кунед ва ба хешовандон бахшиш кунед.
Адл чист? Инсофу миёнравӣ дар ҳама корҳо, на ифрот (аз ҳад гузаштан) бошаду на тафрит (аз ҳад кам кардан). Ҳар чиз дар ҷойи худ гузошта шаваду зулм нашавад, онро адл гуфта мешавад. Эҳсон чист? Эҳсон кореро гӯянд, ки дар асл воҷиб нест, локин барои ризои Аллоҳ анҷом мешавад: монанди садақаи нофила, ибодати нофила ва анҷоми дигар амалҳои нек, ки Худованд онҳоро фарз нагардонидааст. Дар саҳеҳи Бухорӣ, ба ривояти Умар (р) дар боби эҳсон омадааст, ки Худованд (ҷ.ҷ)-ро ончунон ибодат кун, ки гӯё Ӯро дида истодаӣ. Агар ту Ӯро намедида бошӣ, Ӯ туро мебинад. Бахшиш ба хешовандон чист? Бахшиш ба хешовандон он аст, ки агар ниёзмандии онҳо эҳсос шавад, бояд ба қадри имкон ба онҳо ёрӣ расонида шавад. Рафту омад бо хешовандон (яъне силаи раҳм) низ зери маънои ин қисми оят дохил аст. Дар давоми оят Худованд бандагони Худро аз се амал боз доштааст; беҳаёгӣ (фаҳшо), кори нописанд ва зулм (бедодӣ).
Беҳаёгӣ (фаҳшо) иборат аз хислате аст бисёр зишт ва қабеҳ дар гуфтор, ё кирдор, мисли зино.
Кори нописанд (мункар) кори шариат манъкарда;
Зулм (бедодӣ) иборат аст аз кибр, ситам ва таҷовузи моддӣ, ё маънавӣ.
Ҷумлаи охир фармудааст, ки Худованд бо амру наҳй (-е, ки дар ин оят баён шуд) ба шумо панд медиҳад, бошад, ки аз ин панду андарзҳо панд гиред. Лозим ба ёдоварист, ки чун Расулуллоҳ (с) ин оятро тиловат кард, сабаби ислом овардани соҳибхирадони араб гардид. Аз он ҷумла Усмон ибни Мазъун (р).
Дар ояти зер низ сухан аз амалҳои нек аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «