Тафсири Сураи Нахл Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 94
وَلَا تَتَّخِذُوا أَيْمَانَكُمْ دَخَلًا بَيْنَكُمْ فَتَزِلَّ قَدَمٌ بَعْدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُوا السُّوءَ بِمَا صَدَدْتُمْ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۖ وَلَكُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ ٩٤
Ва ла таттахизу айманакум дахалан байнакум фа тазилла қадамун баъда субутиҳа ва тазуқу-с-суа би ма садаттум ъан сабӣлиллоҳ. Ва лакум ъазабун ъазӣм. 94.
94. Ва аҳд ва савгандҳои худро дар миёни худ василаи фиреби ҳамдигар қарор мадиҳед, пас, қадаматон баъди устувории он (дар дин) билағжад, ба сабаби аз роҳи Худо боздоштанатон уқубатро бичашед ва барои шумо азоби бузург бошад.
Бо таври умум бори дигар Худованд дар ин оят касоне, ки савганд мехӯранду савганди худро мешикананд, ё барои (қаллобӣ) қасам мехӯранд, наҳӣ карда фармудааст, ки зинҳор ба зинҳор байни худ савгандҳоятонро дастовезу василаи фиреби ҳамдигар қарор надиҳед. Ҳамчунин касоне, ки бо тарафдории Расулуллоҳ (с) ва дини Ислом бо савганд сухани худро таъкид карда ба Расулуллоҳ (с) байъат кардаанду баъдан муртад шуда аз байъату ваъдаҳои худ даст кашиданд, таҳти ваъиди ояти мазкур дохиланд. Оре! Бо роҳи фиреб, барои дар боварии мардум даромадан қасамҳо хӯрда бо роҳи фиреб, худро дар назари онҳо шахси поквиҷдон нишон додан амали бад аст. Агар шахсе заррае имон дошта бошад медонад, ки ин амал бисёр хатарноку оқибати нохуш дорад. Шахсоне, ки бо гурӯҳе аҳду паймон, сарукор доранд, дар аҳду паймони худ бояд побарҷо буда, то охир устувории худро нишон диҳанд. Албатта, ин ҳама ба ақидаи ҳар инсон вобаста аст. Касоне, ки паймоншиканӣ, мардумфиребӣ мекунанд, онҳо беақида буда, аз роҳи рост ва имондорӣ лағжида ба хатои бузург гирифтор гашта, раҳсипори вартаи ҳалокат шудаанд. Чунин шахсон ба худ ва ба Ислом зарар оварда, монеъи Ислом овардани дигарон низ шудаанд. Масалан, гурӯҳе мехоҳанд вориди дини Ислом шаванд, аммо чун мусалмони қасамхӯр, фиребгари аҳдшиканро мебинанд, дар шаъни дини Ислом тасаввури нодуруст пайдо мекунанд ва аз исломдорӣ рӯйи мегардонанд. Агар Ислом оварда бошанд, аз Ислом овардани худ дилсард мешаванд. Албатта, чунин ҷиноят дар дунё ҷазои муносиб дошта бошад ҳам, лекин дар охират барои он ҷазои аз ин ҳам бештар муқаррар шудааст.
Хулоса, ҷазои асосӣ ва мувофиқе, ки бояд шахсони қасамхӯри мардумфиреби аҳдшикан бинанд, дар охират аст. Аммо ҷазое, ки дар ин дунё мебинанд, аввало ҳадди ақал ин аст, ки шоҳидии онҳо қабул нест, аз боварӣ ва эътимоди мардум баромадаанд. Барои онҳо баъзе таъзир (адабдиҳӣ) муқаррар шудааст. Чунин шахсон бо баҳонае дар назди мардум худро халос кунанд, локин аз ҷазои бузурге, ки дар охират барои онҳо муқаррар шудааст, ба куҷо фирор мекунанд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «