Сураи Наҳл Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 93 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 93

وَلَوْ شَاءَ اللَّهُ لَجَعَلَكُمْ أُمَّةً وَاحِدَةً وَلَٰكِنْ يُضِلُّ مَنْ يَشَاءُ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ ۚ وَلَتُسْأَلُنَّ عَمَّا كُنْتُمْ تَعْمَلُونَ ٩٣

Ва лав шааллоҳу ла ҷаъалакум уммата-в ваҳидата-в-валаки-я юЗиллу ма-я яшау ва яҳдӣ ма-я яшаъ. Ва ла тус-алунна ъамма кунтум таъмалун. 93.

93. Агар Худо мехост, албатта, шуморо як гурӯҳ мегардонид валекин ҳар киро хоҳад гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад ҳидоят мекунад. Ва аз он чӣ мекардед, албатта, пурсида хоҳед шуд.

Агар Худо мехост (аз назари имондорӣ барои қабул кардани ҳаққ ва истеъдоди якхела мисли фариштагон) ҳамаи шуморо як гурӯҳ меофарид. Локин ҳикмати Худованд инро нахост ва ҳамаро дар этиқоду амал як уммату якранг наофарид. Балки инсонҳоро дар савияҳои мухталиф офарид, роҳи ҳидоят ва гумроҳиро ба онҳо фаҳмонид. Касеро, ки Худованд хоҳад, ҳидоят мекунад ва касеро хоҳад, гумроҳ месозад, ҳама чиз дар ихтиёри Ӯст. Ин ҳидояту гумроҳӣ ба маънои он нест, ки масъулият аз зиммаи инсон соқит мешавад. На! Балки ҳар инсон дар баробари амалҳои анҷомдодаи худ қатъӣ масъул асту бозпурсӣ хоҳад шуд ва мувофиқ ба он подош хоҳад дид.

Хулоса, ҳикмати илоҳӣ тақозои онро кард, ки ҳама дар арсаи интихоби этиқод ва амал озод бошанд. Худованд барои роҳнамоии (ҳидояти) инсонҳо таълимотро, чун китобу Пайғамбарҳо фиристод ва маҷбур кардани онҳоро низ ирода накард. Касе гумроҳӣ хоҳад, ӯро ба гумроҳӣ мерасонад. Касе, ки ҳидоят хоҳад, бо фазли Худ ӯро ба ҳидоят мерасонад. Дар илми азалии Худованд роҳёбӣ ва ё гумроҳшавии ҳар кас маълум аст.

Барои фаҳми бештар ба ояти 26-уми сураи «Бақара» муроҷиъат шавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 92 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 94 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)