Сураи Наҳл Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Нахл Ояти 98 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҳл Ояти 98

فَإِذَا قَرَأْتَ الْقُرْآنَ فَاسْتَعِذْ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيْطَانِ الرَّجِيمِ ٩٨

Фа иза қараъта-л-Қур-ана фастаъиз биллаҳи мина-ш-шайтони-р-раҷӣм. 98.

98. Пас, ҳар вақто Қуръон бихонӣ, пас, аз шарри шайтони рондашуда ба Худо паноҳ талаб кун!

Дар ҷузъи ояти 89-уми ҳамин сура ишора шуд, ки «… тибёнан ликулли шайин…», яъне баёни ҳама чиз дар Қуръон ҳаст. Ояти мазкур тарзи истифода аз Қуръони маҷидро баён намуда фармудааст, ки чун иродаи тиловати Қуръонро мекунӣ, бигӯ: «Аъузубиллаҳи минаш шайтонир раҷим» яъне паноҳ мебарам ба Худованд аз шарри шайтони рондашуда. Аз Худои субҳон бихоҳ, то туро аз васвасаҳои шайтони малъуни рондашудаи даргоҳи Худ дар паноҳаш нигоҳ дорад.

Муфассирони гиромӣ гуфтаанд: «Агарчи дар ин оят хитоб ба Расулулоҳ (с) бошад ҳам, локин ба умматони Он ҳазрат (с) нигаронида шудааст. Зеро Расулуллоҳ (с) аз васвасаҳои шайтони маъсум (пок)-анд. Бо иҷмоъи уламо пеш аз тиловати Қръон «Аъузубиллоҳ…» гуфтан амри мустаҳаб (савоб) аст. Аммо баъзе аз уламо онро воҷиб гуфтаанд. Ҳангоми тиловати Қуръон «Аъузубиллоҳ» гуфтан ба хонанда имкон медиҳад, ки аз ошуфтагиҳои фикрӣ худро боздошта, дар оятҳои Қуръон тадаббур ва тафаккур пайдо кунад ва аз таъассуб, ғурур, худхоҳӣ эҳтиёт кунад. Валлоҳу аълам.

Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҳл Ояти 97 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҳл Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)