Тафсири Сураи Нахл Ояти 99 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 99
إِنَّهُ لَيْسَ لَهُ سُلْطَانٌ عَلَى الَّذِينَ آمَنُوا وَعَلَىٰ رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ ٩٩
Иннаҳу лайса лаҳу султанун ъала-л-лазӣна оману ва ъала Раббиҳим ятаваккалун. 99.
99. Ҳаройина, шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бо Парвардигори худ таваккул мекунанд, ғалабае нест.
Худованд дар ин оят таъсири имони ҳақиқӣ ва таваккал ба Худоро чунин баён фармудааст, ки бар касоне ки ба Худо имон доранд ва дар ҷамиъи корҳо, суханҳо ва амалҳои худ ба Аллоҳ таъоло таваккал доранд, ҳеҷ вақт васвасаи шайтон ғалаба карда наметавонад, яъне агар васваса кунад ҳам, он бетаъсир мемонад. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «