Тафсири Сураи Начм Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 14
عِنۡدَ سِدۡرَةِ الۡمُنۡتَهٰى ١٤
Ъинда Сидрати-л-мунтаҳа. 14.
14. Назди Сидрату-л-мунтаҳо,
Яъне Расул (с) ҳазрати Ҷабраил (а)-ро ба сурати малакиаш бори дигар назди Сидратул мунтаҳо (дарахти сарҳад), ки он дар осмони ҳафтум, аз тарафи рост, назди Арши Раҳмон қарор дорад, дида буд. Наҳрҳои Ҷаннат аз ҳамин дарахт сарчашма мегиранд. Шояд Сидратул мунтаҳо ном гирифтани ин дарахт аз он ҷиҳат бошад, ки илми мардум ва фариштаҳо то он расида интиҳо меёбад. Аз он дарахт боло чӣ буданашро касе ҷуз Худованд намедонад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «