Тафсири Сураи Начм Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 20
وَمَنٰوةَ الثَّالِثَةَ الۡاُخۡرٰى ٢٠
Ва Маната-с-салисата-л-ухро. 20.
20. Ва Манот (ва) бути сеюмини дигарро?
Ин оятҳо муроҷиат ба кофирони мушрики бутпараст аст. Яъне эй кофирон! Шумо гумон мекунед, ки Лот, Уззо ва Манот Худо ҳастанд? Шумо онҳоро мепарастед ва ибодат мекунед. Магар ин бутҳо мисли Парвардигори яккаву ягона соҳиби сифатҳои комил ҳастанд ва ба ҳама кор қодиранд? Ҳаргиз на!
Дар кишвари арабҳо пеш аз ҷорӣ гардидани дини Ислом мардум бутҳои ниҳоят бисёр ва гуногунро мепарастиданд. Дар тафсири Хозин омада, ки Лот, Уззо ва Манот номи бутҳои мушрикони араб буд. Ин бутҳо бутҳои бузургтарини арабҳо буданд. Шояд зикри он се бут дар Қуръон ба ҳамин хотир бошад. Лот буте буд дар Тоиф ва Уззо дар Ғатфон. Ҳар дуро Холид ибни Валид ҳангоми пирӯзии мусулмонон ба хок яксон намуд. Манот бошад, бути қабилаи Хузоа буд, ки мушрикони Макка низ, вайро парастиш мекарданд. Он яке аз бутҳои қадим буда, байни Макка ва Мадина дар соҳили баҳр дар Мушаллол ном мавзеъ қарор дошт. Қабилаҳои Авс ва Хазраҷ инчунин дигар арабҳо онро саҷда карда, назди он қурбонӣ мекарданд.
Мушрикони бадбахт илова бар ин гумроҳӣ гоҳо фариштаҳоро духтарони Аллоҳ мегуфтанд. Ҳол он ки худи онҳо фарзанди духтарро бад медиданд ва аз духтардор шудан ор мекарданд. Агар завҷаашон духтар таваллуд мекард, нороҳат шуда, ин тифли бегуноҳро зинда ба зинда дар гӯр мекарданд. Ин бори дигар дар баҳри ҷаҳолат ғарқ гардидани онҳоро маълум менамуд. Аллоҳ таъоло чунин муносибатро маҳкум намуда, ояти зеринро нозил намуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «