Тафсири Сураи Начм Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 22
تِلۡكَ اِذًا قِسۡمَةٌ ضِيۡزٰى ٢٢
Тилка изан қисматун Зӣза. 22.
22. Ин тақсим тақсими ноодилона аст!!!
Ин оят сарзаниш ва дилкубии сахт аст барои мушрикони бутпараст. Ӯ таъоло мегӯяд, ки эй мушрикон, навъи маҳбуби аз фарзандро, ки ба фаҳмиши шумо писар аст, барои худ интихоб мекунед ва навъи мазамматшудаи фарзанд, ки ба фикри шумо духтар аст, барои Аллоҳ таъоло во мегузоред? Аввалан ин, ки Аллоҳ таъоло аз зану фарзанд, чи духтар ва чи писар, доштан пок аст. Сониян билфарз, агар рафту гуфти шумо дуруст бошад, магар ин намуд тақсиме, ки шумо кардед, як тақсими золимона, аз инсофу адолат фарсахҳо дур нест? Он чиро нанг медонед, барои Худо мехоҳед ва он чӣ хоҳиши дили шумост, барои худ мегузоред???
Аллоҳ таъоло дар ояти зер ҳақиқати он бутҳоро чун рӯзи равшан ошкор сохта, як ашёи беманфиат будани онҳоро баён сохтааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «