Тафсири Сураи Начм Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 23
اِنۡ هِىَ اِلَّاۤ اَسۡمَآءٌ سَمَّيۡتُمُوۡهَاۤ اَنۡتُمۡ وَاٰبَآؤُكُمۡ مَّاۤ اَنۡزَلَ اللّٰهُ بِهَا مِنۡ سُلۡطٰنٍؕ اِنۡ يَّتَّبِعُوۡنَ اِلَّا الظَّنَّ وَمَا تَهۡوَى الۡاَنۡفُسُۚ وَلَقَدۡ جَآءَهُمۡ مِّنۡ رَّبِّهِمُ الۡهُدٰىؕ ٢٣
Ин ҳия илла асмаун саммайтумуҳа антум ва абаукум-м ма анзалаллоҳу биҳа мин султон. Ин яттабиъуна илла-з-занна ва ма таҳва-л-анфус. Ва лақад ҷааҳум-м ми-р-Раббиҳиму-л-ҳуда. 23.
23. Нестанд инҳо магар номҳое чанд, ки онҳоро шумо ва падарони шумо муқаррар кардаед. Аллоҳ барои субути дурустии онҳо ҳеҷ далеле фуруд наовардааст. Пайравӣ намекунед магар ваҳми фосидро ва чизеро, ки нафсҳои шумо хоҳиш мекунад. Ва ҳол он ки ба ростӣ аз ҷониби Парвардигорашон барои онҳо (роҳи) донишу ҳидоят омадааст!
Он муҷассамаҳоеро, ки мушрикон фаришта гумон намуда, бо номҳои гуногун мисли Лоту Маноту Уззову Ҳубал ва ғайра мепарастиданд фақат номҳои холӣ буда, ягон маъное надоранд. Яъне агар ба онҳо ибодат карда шавад, фоидае нест ва агар ибодат карда нашавад, ягон зиёне нарасонанд.
Ҳамаи онҳо сангҳои беҷон буда, шумо ва падарони шумо ба ин сангҳо номҳои гуногун гузоштед. Барои ин амалатон ягон ҳуҷҷат ва далели фиристодашуда аз тарафи Аллоҳ таъоло надоред. Ба гумон ва хоҳиши нафси худ итоат намуда,ин сангҳоро ибодат мекунед. Нафсҳои шумо гирифтори васвасаи шайтон гаштааст ва шумо хоҳиши шайтонро иҷро мекунед.
Агар мушрикон ба ҳавову ҳаваси нафси худ итоат намекарданд ва дар ҳақиқат ҳидояти (роҳнамоии) Аллоҳ таъолоро мехостанд, ба далелҳои ошкор ва фаҳмо мисли «Бутҳо Худо нестанд ва ба ғайри Аллоҳи ягонаву беҳамто дигар ҳеҷ чизро ибодат кардан ҷоиз нест» бовар мекарданд. Ҳоло амали мушрикон хеле тааҷҷубовар аст, ки бо вуҷуди ин қадар далелҳои сареҳ ва ошкоро ибодати худро ба бутҳо тарк намекунанд.
Аз маънои ин ояти карима нодурустии гуфтор ва рафтори мушрикон исбот мешавад. Маълум шуд, ки даъвоҳои мушрикон далелу ҳуҷҷати аслӣ надоранд ва бебақоанд.
Касе, ки тобеи ҳавову ҳаваси нафси худ гардад, аз дидану шунидани калимаи ҳақ мисли мушрикон чашмаш кӯру гӯшаш кар шуда, дилашро пардаи кинау ҳасад чунон фаро мегирад, ки дигар ҳеҷ панду насиҳат ва маслиҳати муфидро қабул надорад. Ҳарчанд далелу ҳуҷҷат пешниҳод месозӣ, қаноатманд намегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «