Сураи Наҷм Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 49

وَاَنَّهٗ هُوَ رَبُّ الشِّعۡرٰىۙ ٤٩

Ва аннаҳу Ҳува Раббу-ш-шиъро. 49.

49. Ва албатта, Ӯ Парвардигори ситораи Шиъро (низ) ҳаст,

Муфассирони киром дар мазмуни ин ояти карима чунин маъниро раво дидаанд: Мисриҳо, ё қабилаи Хазоъа ё аҷдоди модари Расулуллоҳ (с) ба номи Аби Кабшата дар замони ҷоҳилият бо арабҳои бутпараст доимо дар мухолифат буда, ситораи дурахшони Шиъро (Сирус)-ро парастиш мекарданд. Аз ин ҷост, ки бутпарастони даври ҳазрати Пайғамбар (с) ҳам дар ҳолати мухолифат бо он ҳазрат (с) «Ҳа! Ин ҳам, писари ҳамон Аби Кабшаест, ки аз осмон сухан мекарду доимо бо аҷдоди мо дар мухолифат буд» гуфта, таъна мезаданд. Аллоҳ таъоло ояти каримаро нозил намуд ва фармуд, ки ба ғайри Аллоҳи ягона парастиш намудани дигар ҳама намуди махлуқот ботил аст. Он ситорапарастон бояд донанд, ки Аллоҳ таъоло Рабби тамоми махлуқот ҳаст. Рабби тамоми махлуқотро бояд парастид.

Аллоҳ таъоло афроди саркашу фармонномбардорро бо овардани қиссаҳои қавмҳои пешини тағёнгари ҳалокшуда ба ояти зерин ҳушдор медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)