Дар 25 – километрии шимолу ғарби Дрезден, дар соҳили дарёи Элба, шаҳри қадимаи Мейсен, ки таърихи беш аз 1000 – сола дорад, доман густурда, дар он яке аз кӯшкҳои зебо ва боҳашамати Олмон – Албрехтсбург қомат афрохтааст.

Қалъа, тақрибан, байни солҳои 1470 – 1500 бо эҳтимоми волии Саксония Эрнест ва бародари хурдии ӯ Албрехти Диловар, таҳти роҳбарии меъмори шинохта ва маъруфи вақт Арнолд фон Вестфален бунёд мегардад. Чуноне ки муаррихон менигоранд, Албрехтсбург аввалин қалъаи Олмон мебошад, ки на ба хотири дифоъ аз ҳамлаи аҷнабиён, балки ҳамчун қароргоҳи дарбориён сохта мешавад.
Давраи нашъунамои қалъаи Албрехтсбург ба солҳои ҳукмронии шоҳ Августи Тавоно рост меояд. Ба шарофати кашфиёти олимони саршиноси замон Эренфрид Валтер фон Чирнҳаузен ва Иоҳанн Фридрих Бёттгер, дар қалъа истеҳсоли фағфури сафед ба роҳ монда шуд, ки аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошт. Зеро то ин дам сирри сохтани «тиллои сафед»-ро танҳо хитоиҳо медонистанд ва ҷаҳониён онро бо нархи гарон мехариданд. Маҳз ба ҳамин хотир, Қалъаи Албрехтсбургро гаҳвораи фағфури Аврупо меноманд. Ҳоло дар толорҳои пурнақшунигори кӯшк, дар баробари дигар нигораҳои гаронсанг, намунаҳои нодири фағфур, ки маҳсули дасти ҳунармандони номии асри XVIII-и Мейсен мебошанд, маҳфузанд.


