Тафсири Сураи Начм Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 48
وَاَنَّهٗ هُوَ اَغۡنٰى وَ اَقۡنٰىۙ ٤٨
Ва аннаҳу Ҳува ағна ва ақна. 48.
48. Ва албатта, Ӯ тавонгар сохт ва давлат диҳад,
Сармояву боигарӣ бахшоиши Ӯ таъолост. Гурӯҳи муфассирон гуфтанд, ки агар калимаи«ақна» ба маънои «афқар» бошад, чунин мазмун бармеояд, ки Аллоҳ таъоло якеро бою ба давлат ва дигареро фақир месозад. Агар калимаи «ақна» ба маънои «молу мулк ҷамъ кардан» бошад, чунин маъноро мегирад, ки бандаи ҳоҷатманду камбағалро агар Аллоҳ таъоло аз ин ҳолат раҳо насозад, дигар қудрати кӣ мерасад? Банда дар ин корҳо фақат сабабгор асту халос! Дигар инони ҳамаи корҳо дар тасарруфи Аллоҳ таъолост.
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «