Сураи Наҷм Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 51

وَثَمُوۡدَا۟ فَمَاۤ اَبۡقٰىۙ‏ ٥١

Ва самуда фа ма абқо. 51.

51. Ва Самудро, пас, ҳеҷ касро боқӣ нагузошт.

Худованд чунон Зотест, ки қавми Оди қадимро бо фиристодани боди сахти «сарсар» барои саркашӣ аз амри Парвардигор ва пайравӣ накарданашон аз фиристодаи Аллоҳ, ҳазрати Ҳуд (а) ҳалок намуд. Онҳо қавме буданд дар замони худ бисёр боқуввату неруманд ва аз қувваи худ мағрур. Дар тафсири Байзовӣ омада: Оди аввал барои он гӯяд, ки баъд аз ҳалок шудани қавми Нӯҳ (а) якумин ҳалокшудагон ҳамин қавм буданд. Аллоҳ таъоло ҳамчунин қавми Самудро низ, бар асари нофармонбардорияшон ба ҳалокат расонд. Ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд. Худованд ҳамин гуна Зоти қодиру тавоност, ҳар гоҳе хоҳад, азобро бар сари азхудрафтагон ба кадом сурате бошад, фуруд оварда ва ҳеҷ касе онро гардонида наметавонад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Наҷм Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)