Тафсири Сураи Начм Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҷм Ояти 61
وَاَنۡتُمۡ سٰمِدُوۡنَ ٦١
Ва антум самидун. 61.
61. Ва (эй ғофилон, то ҳол) шумо бозикунандагонед!
Дар тафсири Ҳусайнӣ зимни мазмуни ояти мазкур чунин омадааст:
Вақто ки Расулуллоҳ (с) барои ба мардум шунавонидан аз оятҳои каломи Раббонӣ тиловат менамуданд, дар муқобили он ҳазрат (с), суханони дилфиреб мегуфтанд ва бозиҳои шавқовар ташкил мекарданд. Бинобар ин, Худованд дар ин оят мефармояд, ки шумо қиёматро саҳл пиндоштаед ва хабари омадани онро бозӣ фаҳмидаед. Чун панд шуморо мутаассир насохт, подоши бепарвогию ғофилии шумо дар он рӯз баръало зоҳир хоҳад гашт. Зеро шумо дар дунё ҳушёрӣ ва тавбаву гиряро бо хандаву ғафлат иваз намудаед ва фикри чунин рӯзро накардаед.
Адибе гуфтааст.
Оқибат маъвои ту гӯр аст, эй ғофил мабош,
Ин ҳама медонию ғофил ту мемонӣ, чӣ суд?
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «