Сураи Наҷм Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Начм Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Наҷм Ояти 62

فَاسۡجُدُوۡا لِلّٰهِ وَاعۡبُدُوۡا ۩ ٦٢

Фасҷуду лиллаҳи ваъбуду. 62.

62. Пас, хос Аллоҳро саҷда кунед ва (Ӯро) бандагӣ кунед.

Чун ин қадар андарзу ҳикматро шунидед, пас танҳо ва танҳо Аллоҳ таъолоро саҷда кунед ва хос ӯро бандагӣ намоед. Танҳо Худованд лоиқи парастиш аст, на ғайри Ӯ. Барои фарди оқил ғафлат варзидан ва ба ҷои тиловати Қуръонро шунидан суруд хондан шоиста нест, балки шоиста он аст, ки ҷабин бар хок ниҳода, Худоро саҷда кунад.

Аз Имом Бухорӣ чунин ривоят омада, ки пайғамбари Худо (с) чун ин сура ё анҷоми он ва ё шояд оятҳои 19-20-уми онро хонданд, худашон ва тамоми мушрикону мусалмонони онҷобуда, хоҳ инс ва хоҳ ҷин, сар ба саҷда бурданд. Ҳатто мушрикон мушрикии худро аз таъсири тиловати каломи Раббонӣ фаромӯш намуда, аз ин амали худ дар тааҷҷуб монданд, ба ҷуз Умайя бинни Халаф, ки сар ба саҷда набурд ва кафи хокеро гирифту пешонаи худро ба он молид ва гуфт: «Ин қадар барои мо кофӣ аст!» Баъди ин ӯро диданд, ки аз дунё кофир гузашт.

Тибқи баъзе ривоятҳо сураи «Наҷм» аввалин сураест, ки дар он ояти саҷда нозил шудааст. Ин сура дар тартиби сураҳое, ки ояти саҷда доранд, дар мақоми 12-ум қарор дорад. Бар хонандаву шунавандаи ояти охири ин сура як саҷда воҷиб аст.

Поёни сураи «Наҷм» ва лиллаҳил ҳамду вал миннаҳ.

Ғараз нақшест аз мо ёд монад,

Ки ҳастиро намебинам бақое.

Ки шояд соҳибдиле рӯзе ба раҳмат,

Кунад дар ҳаққи дарвешон дуъое. (Саъдӣ)

Зи ёди ҳақ машав ғофил, агар ҳуше ба сар дорӣ,

Яқин дон, ки мемирӣ, агар тоҷе ба сар дорӣ.

Наметарсӣ аз он рӯзе, ки ояд лаҳзаи пурсиш,

На аз илме хабар дорӣ, на оёте ба сар дорӣ!

(Ҷунуни)


Рӯйхати оятҳои Сураи Наҷм «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Наҷм Ояти 61 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Қамар – Тафсири Осонбаён (Қуръон)