Сураи Намл Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

طٰسٓ‌ ۚ تِلۡكَ اٰيٰتُ الۡقُرۡاٰنِ وَكِتَابٍ مُّبِيۡنٍۙ ١

То.Сйн. Тилка ойоту-л-Қур-они ва китаби-м мубӣн. 1.

1. То, Син. Ин оятҳои Қуръон ва Китоби равшан аст.

Тарзи тиловати ингуна ҳарфҳо чунин аст: «То-Син». Бори дигар ба ҳарфҳои муқаттаъ (аз ҳам ҷудо)-и алифбои арабӣ дар ин сура во мехӯрем, ки ин яке аз муъҷизаҳои Қуръонист. Эзоҳ ва тафсири ингуна ҳарфҳои аз ҳам ҷудо дар оғози сураи «Бақара» ва амсоли он гузашт, ҳоҷат ба такрор нест. Дар идомаи ояти мазкур Худованд исми ишоратии «Тилка»-ро, ки дар истилоҳи арабҳо барои ишораи баъид (дур) ба кор бурда мешавад, истифода бурдааст, ки ба соҳиби Азамат будани ишорашуда (Қуръон) далолат мекунад. Худованд фармудааст, ки эй Муҳаммад (с), ин ҳама оятҳое, ки барои ту нозил шуд, оятҳои қуръонӣ буда, тарзи баёни онҳо тамоми мардумро оҷизкунандааст. Яъне оятҳои ин китобро Худованд чунон ошкор баён карда аст, ки агар ояте аз он бар хабаре, бар амре, бар наҳйе, бар ҳусне, бар қубҳе, бар ғайбе, бар гузаштае, бар ояндае, бар имон, ихлос, бар шинохтани Парвардигор, бар исмҳои ҳусно ва бар сифатҳои улёи Ӯ ва-ва … далолат кунад, чунон возеҳ аст, ки шахсе дар он тафаккуру тадаббур кунад, гӯё онро ба чашмони худ дидааст ва ё дида истодааст. Валлоҳу аълам.

Худованд дар бораи дигар сифати Қуръон дар ояти зер фармуд, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)