Тафсири Сураи Намл – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Намл» 27-умин сураи Қуръон буда, дар Макка нозил шуда, дорои 93 оят аст.
Аз сабабе ки дар ин сура аз достони яке аз махлуқоти кӯчаки Худованд намл (мӯрча) (ки ба бақияи мӯрчагон насиҳат дод, то ин ки лагадмоли сипоҳи Сулаймон (а) нашаванд) сухан рафтааст, ин сура сураи «Намл» номгузорӣ шуд. Меҳвари сураи мазкур чун дигар сураҳои дар Макка нозилшуда масъалаҳои ақидавӣ буда, мавзӯъи асосии он баёни илми мутлақи Парвардигор аст, ки назди ӯ зоҳиру ботин, ғоибу ҳозири ҳама ашё як аст. Дар рафти мулоҳиза оятҳои ин сура эътибори инсонро ба сӯйи олами ҳашарот, ҳайвонот ва тарзи ҳаётгузаронии фардӣ ва ҷамъиятии онҳо ҷалб мекунад. Хусусан ба достони Сулаймон (а), ки бо услуби муносибе, ки дар ин сура баён шуда аст, эътибори алоҳида дода шудааст. Мувофиқи тавзеҳоте, ки муфассирон додаанд, сураи «Намл» баъди сураи «Шуъаро» нозил шуда, услубашон бо ҳам наздик аст. Дар ин сура дар бораи имон овардан ба Аллоҳу ба рӯзи охират, хос Офаридгорро ибодат кардан, мувофиқи амал дар қиёмат барои инсон пешбинӣ шудани мукофот ё ҷазо, боварӣ ба ваҳйи илоҳӣ, илми ғайбро хос барои Худованд донистан, шукр кардану таслим шуда имон овардан, ки Худованд ризқдиҳандаву офарандааст ва дигар масъалаҳо зикри худро ёфтааст. Дар ин байн ба қиссаи умматҳои гузашта, асосан натиҷаи кори муъминон ва ғайри онҳоро низ эътибор дода шуда, қазоватро ба хонанда мегузорад. Бо услуби ин сура қиссаи Фиръавн, Довуд (а), Сулаймон (а), қиссаи маликаи шаҳри «Сабо» бо хело тафсилот дарҷ шудааст. Сипас ояте чанд дар бораи қиссаи Солеҳ (а) ва қавми Самуд низ омадааст. Ҳамчунин дар бораи қиссаи Лут (а) ва қавми ӯ (а) ҳикоят шуда, паҳлуҳои қисса ки дар дигар сураҳо зикр нашудаанд дар ин ҷо эзоҳи худро меёбанд. Баъдан, сухан аз хислатҳои аҷоибе, ки махлуқот доранд ва бақудрати беҳамтои Офаридгори якка ва ягона далолат мекунанд, ба миён омадааст. Қиёмату ҳодисаҳои даҳшатноки он ва баъзе манзараҳои он баёни худро дар ин сура ёфтааст. Дар охир чанд ояте дар бораи ибодат ба Парвардигор ва бо ҳидояти Қуръон мусалмон шудани инсон, роҳу равиши худро мувофиқ ба он сохтан ва аз оятҳои Парвардигор, ки чун табло (ишора) сари ҳар қадам пеши рӯйи ҳар инсон истоданд ибрат гирифтан, чанд ояте омадааст.
Хулоса, сураи «Намл» ба сифати олимии Парвардигор, ки ҳеҷ чизро аз Ӯ махфӣ нигоҳ дошта намешавад ва Ӯ ҳамаро медонад, эътибори инсонро ҷалб кардааст. Ин аст назари кӯтоҳе ба хулосаи сураи «Намл».
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «