Сураи Намл Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 15

وَلَـقَدۡ اٰتَيۡنَا دَاوٗدَ وَ سُلَيۡمٰنَ عِلۡمًا‌ ۚ وَقَالَا الۡحَمۡدُ لِلّٰهِ الَّذِىۡ فَضَّلَنَا عَلٰى كَثِيۡرٍ مِّنۡ عِبَادِهِ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ ١٥

Ва лақад атайна Довуда ва Сулаймана ъилма. Ва қола-л-ҳамду лиллаҳи-л-лазӣ фаЗЗалана ъала касӣри-м мин ъибадиҳи-л-муъминӣн. 15.

15. Ва ҳаройина, Довуд ва Сулаймонро илм додем ва гуфтанд: «Ситоиш он Худойрост, ки моро бар бисёре аз бандагони муъмини Хеш фазл дод».

Худованд дар ин оят сухани худро бо қасам ба Зоти Худ таъкид карда гуфтааст, ки валлоҳи қасам, ки дар ҳақиқат Мо ба пайғамбарони Худ, Довуд (а) ва фарзанди ӯ Сулаймон (а) илми васеи дунё ва охиратро арзонӣ доштем. Аз он ҷумла, бо паррандагон ва мӯрчагон, чаҳорпоён сухан гуфтану фаҳмидани забони онҳоро ва ҳамчун илми мусаххар (тобеъ) сохтани инс, ҷин, шайтонҳо (дев)-ро ба онҳо омӯзондем. Илова бар ин, ҳардуи онҳоро сазовори мартабаи пайғамбарӣ донистем, ҳамчу неъмат аз фазли Худ онҳоро подшоҳ гардонидем. Дар ивази он чӣ Худованд ба онҳо ато карда буд, ин ду абармарди бузург ба ҳамду сано ва ба шукронаи Парвардигор машғул шуда гуфтанд, ки ҳамду сано ва сипос он Худоерост, ки моро бо пайғамбарӣ ва подшоҳӣ фазл доду мартабаи моро нисбат ба бисёре аз бандагони муъмини Худ зиёда гардонид.

Барои маълумоти бештар ба ояти 20-уми сураи «Сод» ва ба ояти 79-уми сураи «Анбиё» муроҷиъат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)