Тафсири Сураи Намл Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 16
وَوَرِثَ سُلَيۡمٰنُ دَاوٗدَ وَقَالَ يٰۤاَيُّهَا النَّاسُ عُلِّمۡنَا مَنۡطِقَ الطَّيۡرِ وَاُوۡتِيۡنَا مِنۡ كُلِّ شَىۡءٍؕ اِنَّ هٰذَا لَهُوَ الۡفَضۡلُ الۡمُبِيۡنُ ١٦
Ва вариса Сулайману Давуд. Ва қола йа айюҳа-н насу ъуллимна мантиқа-т-тайри ва утӣна мин кулли шайъ. Инна ҳаза ла ҳува-л фаЗлу-л-мубӣн. 16.
16. Ва ворис шуд Сулаймон Довудро ва гуфт: «Эй мардум, моро гуфтори мурғон омӯхта шуд ва аз ҳар неъмате моро дода шуд, ҳаройина, ин фазли зоҳир аст».
Ривоят шудааст, ки Довуд (а) хело фарзандҳои бисёр дошт. Сулаймон (а) дар мерос бурдан аз молу мулки падар бо бародарони худ баробар буд. Аммо бо иттифоқи муфассирон, он меросе, ки дар ин оят зикр шудааст, илми Довуд (а) аст, ки Худованд онро танҳо насиби Сулаймон (а) гардонид. Дар ин оят Худованд гуфтааст, ки Сулаймон (а) вориси Довуд (а) шуд. Ӯ (а) аз падари худ пайғамбарӣ, илм, подшоҳиро мерос бурд. Табиъист, ки барои мардумро ба роҳи рост даъват кардан илму ҳикмат лозим аст, Сулаймон (а), ки бо иродаи Парвардигор аз падари худ инро омӯхта буд, барои изҳори шукри неъмати Парвардигор, ба мардум гуфт, ки эй мардум! Ба ман фаҳми забони паррандагон омӯхта шуд. Яъне Худованд ба Сулаймон (а) неъмати махсусе дода буд, чуноне ки паррандагон ҳамдигарро мефаҳманд, забони паррандагонро мефаҳмид. Сипас, бори дигар Сулаймон (а) ба мардум гуфт, ки аз ҳама чизҳое, ки мавриди ниёз ва сабаби фазилати инсон аст, ба мо дода шуд. Аз он ҷумла, пайғамбарию ҳикмат, молу ҳукумати подшоҳӣ, мусаххар шудани ҷину инсу паррандагону бод, ҳайвонҳои ваҳшию чаҳорпоён ва он чӣ дар миёни Осмону Замин аст. Албатта, ин аз ҷониби Парвардигор, фазлу марҳамати ошкор аст, ки ба ғайри ман ба ҳеҷ кас насиб нашудааст.
Хулоса, Сулаймон (а) бо номбар намудани неъматҳои Парвардигор ба шукронаи Худованд машғул шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «