Сураи Намл Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 17

وَحُشِرَ لِسُلَيۡمٰنَ جُنُوۡدُهٗ مِنَ الۡجِنِّ وَالۡاِنۡسِ وَالطَّيۡرِ فَهُمۡ يُوۡزَعُوۡنَ ١٧

Ва ҳушира ли Сулаймана ҷунудуҳу мина-л-ҷинни ва-л-инси ва-т-тайри фа ҳум йузаъун. 17.

17. Ва барои Сулаймон лашкарҳои Ӯ аз ҷин ва инс ва мурғон гирд оварда шуд, пас, ин ҷамоъат баъзеро то расидани баъзеи дигар бозистода мекарданд.

Сулаймон (а) подшоҳи рӯйи олам набуд, то тамоми мардум лашкару сарбози ӯ (а) бошанд. Чунон ки аз оятҳои баъдӣ маълум мешавад, барои ӯ (а) сарзамини шаҳри Яман баъд кашф шуд. Яъне ӯ (а) дар қаламравӣ давлати падари худ Довуд (а) подшоҳӣ дошт. Ба ҳар сурат, Худованд дар ихтиёри Сулаймон (а) сарбози бисёре аз ҷинҳо, инсонҳо ва аз паррандагон қарор дода буд. Чун ба сафаре мебаромад, танзимгарони лашкар сафи он сарбозонро ба тартиб дароварда, аввал инсҳо (инсонҳо), баъд ҷинҳо ва баъд паррандагон назди Сулаймон (а) сафи худро меоростанд. Агар сафе пештар мерафт, барои риъояи тартиб онҳоро боз медоштанд, то ин ки сафи охир ба сафи аввал пайванд шавад. Агар ҳаво гарм мешуд, паррандагон бо болҳои худ болои онҳо давр мезаданду соя меафганданд.

Хулоса, чуноне ки аз ояти зер маълум мешавад, тарзи давлатдории Сулаймон (а) тарзи пешрафтаи он давру замон буд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)