Тафсири Сураи Намл Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 18
حَتّٰٓى اِذَاۤ اَتَوۡا عَلٰى وَادِ النَّمۡلِۙ قَالَتۡ نَمۡلَةٌ يّٰۤاَيُّهَا النَّمۡلُ ادۡخُلُوۡا مَسٰكِنَكُمۡۚ لَا يَحۡطِمَنَّكُمۡ سُلَيۡمٰنُ وَجُنُوۡدُهٗۙ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُوۡنَ ١٨
Ҳатта иза атав ъала вади-н-намли қолат намлату-н йа айюҳа-н-намл-удхулу масакинакум ла яҳзиманнакум Сулайману ва ҷунудуҳу ва ҳум ла яшъурун. 18.
18. То вақте ки чун ба майдони мӯрчагон расиданд, мӯрча гуфт: «Эй мӯрчагон, ба хонаҳои худ дароед, то Сулаймон ва лашкарҳои ӯ надониста шуморо дарҳам накубанд!».
Дар яке аз сафарҳо, Сулаймон (а) ҳамроҳи сипоҳу сарбозони худ, итифоқо, аз водие бояд мегузашт, ки дар он мӯрчаҳо зиндагонӣ доштанд. Мӯрчае (малика подшоҳи онҳо) дид, ки ногузир лашкари Сулаймон (а) аз макони онҳо мегузарад. Шитобон рафту ҷамиъи мӯрчагони он ҷо бударо бо хитоб огоҳ сохта ба онҳо гуфт, ки эй мӯрчагон, ба хонаҳои худ дохил шавед, то Сулаймон (а) ва лашкариёнаш нодида ва нодониста бо қадамҳо ва ё бо сумҳои чаҳорпоёни худ шуморо дар ҳам накӯбанд!. Аз мазмуни ин оят истифода мешавад, ки ҳатто дар муносибат бо мӯрчагон, адолати Сулаймон (а) зоҳиру ошкор буд. Зеро маликаи онҳо гуфт, ки эй мӯрчагон фаҳмед, ки онҳо аз вуҷуди шумо огоҳӣ надоранд. Агар хабар медоштанд, ки дар ин майдон мӯрчаҳо сукунат доранд, шуморо поймол намекарданд (ёдовар мешавем, ки номи сураи мазкур аз ҳамин оят гирифта шудааст). Аз мазмуни ин оят фаҳмида мешавад, ки онҳо (яъне мӯрчагон) аз хафву хатар, якдигарро огоҳ карда метавонанд. Шояд ин муъҷизае аз муъҷизаҳои Сулаймон (а) буд, ки Худованд ба ӯ (а) арзонӣ дошт. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «