Сураи Намл Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 19

فَتَبَسَّمَ ضَاحِكًا مِّنۡ قَوۡلِهَا وَقَالَ رَبِّ اَوۡزِعۡنِىۡۤ اَنۡ اَشۡكُرَ نِعۡمَتَكَ الَّتِىۡۤ اَنۡعَمۡتَ عَلَىَّ وَعَلٰى وَالِدَىَّ وَاَنۡ اَعۡمَلَ صَالِحًـا تَرۡضٰٮهُ وَاَدۡخِلۡنِىۡ بِرَحۡمَتِكَ فِىۡ عِبَادِكَ الصّٰلِحِيۡنَ ١٩

Фа табассама Заҳика-м мин қавлиҳа ва қола Рабби авзиъни ан ашкура ниъматака-л-лати анъамта ъалайя ва ъала валидайя ва ан аъмала солиҳан тарЗаҳу ва адхилнӣ би раҳматика фӣ ъибадика-с-солиҳӣн. 19.

19. Пас, (Сулаймон) аз гуфтори мӯрча табассум кард ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро илҳом деҳ, ки шукри ин неъмати Ту кунам, ки бар ман ва ба падару модари ман инъом кардаӣ ва маро илҳом деҳ, ки кирдори шоистае, ки ба он хушнуд шавӣ, ба ҷо орам ва маро ба раҳмати Худ дар зумраи бандагони шоистаи Хеш дарор».

Чун Сулаймон (а) сухани мӯрчаро шунид ва маънои сухани онро фаҳмид, аз рӯйи тааҷҷуб, оғози ханда (табассум) кард. Дар он ҳангом аҷоиб ҳолате ба ӯ (а) рух дод ва дарҳол шукрона карду рӯ ба даргоҳи Худовандӣ оварда гуфт, ки Парвардигоро! Ба ман илҳом кун ва тавфиқам деҳ, то барои он неъмате, ки бар ману падару модари ман арзонӣ доштаӣ, сипосгузор бошам.

Парвардигоро! Ба ман тафвиқ ато кун, то ин ки кирдору амалҳои шоистаеро анҷом диҳам, ки онро биписандию аз ман хушнуд шавӣ ва маро дар зумраи бандагони солеҳат маҳшур (аз нав зиндагардонӣ) ва ҳамроҳи онҳо дохили Биҳишт гардонӣ.

Сипас, Сулаймон (а) ба сипоҳи худ, то ин ки ҳамаи онҳоро аз назар гузаронад, фармуд сафҳои худро ороста кунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)