Тафсири Сураи Намл Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 31
اَلَّا تَعۡلُوۡا عَلَىَّ وَاۡتُوۡنِىۡ مُسۡلِمِيۡنَ ٣١
Алла таълу ъалайя ваътунӣ муслимӣн. 31.
31. Бар ин мазмун, ки «бар ман такаббури макунед ва фармонбардор шуда, пеши ман биёед!».
Сипас, малика (подшоҳ)-и шаҳри Сабо назди бузургони атрофи худ ба хондану фаҳмонидани мазмуни номаи Сулаймон (а) пардохта гуфт, ки ин нома аз Сулаймон ба сӯйи мо фиристода шудааст. Дар он навишта шудаст, ки «Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳим» (Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон.) Тавсияи ман барои шумо ин аст, ки дар баробари ман (Пайғамбари Худо), гарданкашӣ ва такаббур накарда, таслими ҳақ шаведу мусалмон шуда, ба ҳузури ман оед! Малика суханашро давом дода…
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «