Тафсири Сураи Намл Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Намл Ояти 32
قَالَتۡ يٰۤاَيُّهَا الۡمَلَؤُا اَفۡتُوۡنِىۡ فِىۡۤ اَمۡرِىۡۚ مَا كُنۡتُ قَاطِعَةً اَمۡرًا حَتّٰى تَشۡهَدُوۡنِ ٣٢
Қолат йа айюҳа-л малау афтунӣ фи амрӣ ма кунту қотиъатан амран ҳатта ташҳадун. 32.
32. (Билқис) гуфт: «Эй ҷамоъати ашроф! Дар тадбири корам Маро ҷавоб диҳед, то вақте, ки шумо пеши ман ҳозир нашудед, ман, файсалакунандаи ҳеҷ кор набудам».
Малика роҳеро пеш гирифт, ки оқилона буд. Яъне дар аввал ба мазмуни мактуби Сулаймон (а) ошно шуд. Сипас, арбоби давлатиро назди худ хонд ва хост андешаи онҳоро гирад. Гуфт, ки эй мушовирон, он чи дар маънои мактуб буд, шумо фаҳмидед, ҳоло ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Ман ҳеҷ кори муҳимро бе маслиҳати шумо худсарона анҷом надодаам.
Хулоса, Билқис дар машварати худ чуноне ки ояти зер ишора дорад, комёб шуд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «