Сураи Намл Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 37

اِرۡجِعۡ اِلَيۡهِمۡ فَلَنَاۡتِيَنَّهُمۡ بِجُنُوۡدٍ لَّا قِبَلَ لَهُمۡ بِهَا وَلَـنُخۡرِجَنَّهُمۡ مِّنۡهَاۤ اَذِلَّةً وَّهُمۡ صٰغِرُوۡنَ ٣٧

Ирҷиъ илайҳим фа ла наътияннаҳум би ҷунуди-л ла қибала лаҳум биҳа ва ла нухриҷаннаҳум-м минҳа азиллата-в ва ҳум сағирун. 37.

37. Бозрав ба сӯи онҳо! Пас, ҳаройина, бар онҳо бо лашкарҳое, ки онҳоро ба муқобили онҳо тоқат набошад, биёем ва ҳаройина, онҳоро аз деҳ расвокарда берун кунем ва онҳо хор бошанд».

Ҳукумат ва салтанати пайғамбарӣ нисбат ба ҳукумати шоҳони золим аз Замин то Осмон фарқ мекунад. Зеро ҳукумати истибдодӣ мояи фасод ва хоркардани азизони Худо ва дар атрофи шоҳ ҷамъ кардани тамаллуқкорон (хушомадгӯён)-ест, ки ҳама вақт суду манфиъати худро меҷӯянд. Аммо пайғамбарон ҷуз ба салоҳи кори мардум чизи дигареро намеандешанд.

Хулоса, вақто ки фиристодагони Билқис бо ҳадяи чашмрас назди Сулаймон (а) расиданд, гумон карданд, ки ба дидани ин ҳадяҳо хурсанд мешаваду ба онҳо шодбош мегӯяд. Локин ғайри чашмдошт, ҳамин ки ба Сулаймон (а) рӯбарӯ шуданд, саҳнаи аҷиберо мушоҳида карданд. Яъне Сулаймон (а) на ин ки аз онҳо ба хотири ҳадяҳо истиқбол кард, балки ба онҳо гуфт, ки чӣ шумо мехоҳед бо ин молҳои худ маро кӯмак (ришва) диҳед? На! Бояд бидонед, ки Худованд ҳама имкониятҳоро чӣ пайғамбарӣ бошад, чӣ итоъати инсу ҷин, паррандагон ва ғайраро ба ман бахшидааст ва аз он чӣ ба шумо додааст, ин беҳтар аст. Оё шумо мехоҳед мушрикону хуршедпарастонро ба ҳоли худ вогузорам? Ҳаргиз! Ин шумо ҳастед, ки бо ҳадяву ришва, бо зару зевар хурсанд мешавед. Ман ба моли дунё ниёз надорам. Сухани ман қатъист, ҳоло ин ҳадяҳоро ҳамроҳи худ гиреду ба сӯйи қавми худ боз гардед, рафта ба онҳо гӯед, ки мо бо лашкарҳоямон ба зудӣ ба суроғи онҳо хоҳем рафт, онҳо тобу тавони зиддияти моро надоранд. Дар муқобили лашкари мо бояд онҳо шикаст хӯранд, мо онҳоро аз сарзамини ободашон бо хорӣ ва ҳақирӣ хориҷ хоҳем кард.

Хулоса, намояндаи маликаи Сабо ин хабарро ба онҳо расонд, онҳо бедаранг ба роҳ баромаданд, Сулаймон (а) хабардор шуд, ки малика бо ҳамроҳи нафарҳояш ба наздаш меояд, сарбозон ва ашрофи худро ҷамъ кард, ба сухан пардохта…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)