Сураи Намл Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 38

قَالَ يٰۤاَيُّهَا الۡمَلَؤُا اَيُّكُمۡ يَاۡتِيۡنِىۡ بِعَرۡشِهَا قَبۡلَ اَنۡ يَّاۡتُوۡنِىۡ مُسۡلِمِيۡنَ ٣٨

Қола йа аййуҳа-л малау айюкум яътӣнӣ би ъаршиҳа қабла ан яътунӣ муслимӣн. 38.

38. Сулаймон гуфт: «Эй пешвоён! Кадом яке аз шумо, пеш аз он ки назди ман мусалмоншуда биёянд, тахти ӯро пеши ман меоред?».

Чун фиристодагони Билқис ба наздаш расиданд ва хабари он чиро, ки аз Сулаймон (а) шуниданд, ба ӯ расониданд. Малика бо шунидани ин хабар ҳамроҳи шахсони обрӯманди қавми худ, барои оини Сулаймон (а)-ро аз наздик мушоҳида кардан, ватани худро тарк ва ба сӯйи шаҳри Сулаймон (а) равон шуданд. Сулаймон (а) фаҳмид, ки онҳо ба наздаш меоянд. Пеш аз он ки онҳо ба ин ҷо расанд, Сулаймон (а) хост, ки малика қудрату муъҷизаи Аллоҳ ва заъифии худро фаҳмад, гуфт, ки эй бузургони қавми ман! Кадом як аз шумо тавоноӣ доред, пеш аз он ки малика бо ҳамроҳонаш ин ҷо расанду таслим шаванд, тахти Билқисро, ки ҳудҳуд онро тахти бузург гуфт, бе он ки лашкаре он ҷо фиристем, назди ман ҳозир кунад? Дар ин ҷо ду нафар эъломи омодагӣ карданд. Яке аз онҳо аҷиб ва они дигар аҷибтар буд…


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)