Сураи Намл Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Намл Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Намл Ояти 5

اُولٰٓٮِٕكَ الَّذِيۡنَ لَهُمۡ سُوۡٓءُ الۡعَذَابِ وَهُمۡ فِى الۡاٰخِرَةِ هُمُ الۡاَخۡسَرُوۡنَ ٥

Улаика-л-лазӣна лаҳум суу-л ъазаби ва ҳум фи-л-ахирати ҳуму-л-ахсарун. 5.

5. Ин ҷамоъат ононеанд, ки барои онҳо азоби сахт аст ва онҳо дар охират зиёнкортаранд.

Ояти мазкур натиҷаи кори шахсонеро, ки амалҳои бад дар назарашон хубу зебо менамояд, чунин баён кардааст, ки гурӯҳе, ки ба охират бовар надоранд касонеанд, ки дар ҳарду саро азоби сахт дунболи онҳост. Зеро онҳо ба лаззати дунё машғуланд ва дар пайи айшу ишрат саргардонанд. Барои қонеъ кардани талаботи рӯзафзуни нафси худ, дар паи ёфтани молу сарвати ношаръӣ (ҳаром) мешаванд, рафта-рафта сирашон ошкор мешавад, ё ба дорул-ахлоқ маҳкум мешаванд, ё аз диёри худ фирор мекунанд ё ба нест кардани тарафи муқобил ё ба худкушӣ даст мезананд.

Хулоса, чунин шахсон дар ҳамин дунё ҳайрону саргардонанд ва хотирҷамъиро аз даст додаанд. Дар охират бошад, ба кадом азоб рӯ ба рӯ мешаванд, Худованд худаш доност. Аммо тасдиқи ояти мазкур ин аст, ки онҳо дар охират зиёнкортарин мардуманд. Зеро бозгашти онҳо ба сӯйи оташи абадии Ҷаҳаннам аст. Барои маълумоти бештар ба ояти 103-юми сураи «Каҳф» муроҷиъат шавад. Мухтасаран тарҷимаи маънои он чунин аст: «Бигӯ: «Оё шуморо ба ононе ки аз рӯйи амал зиёнкортарини мардуманд, хабар диҳам?!». Ин ҷамоъат ононеанд, ки саъйи онҳо дар зиндагонии дунё гум (табоҳ) шуд ва онҳо гумон мекунанд, ки аз рӯи амал некӯкорӣ мекунанд. Ин ҷамоъа ононанд, ки ба оятҳои Парвардигори хеш ва ба мулоқоти Ӯ кофир шуданд, пас, амалҳои онҳо нобуд шуд, пас, барои онҳо рӯзи Қиёмат ҳеҷ вазне барпо нахоҳем сохт.».

Дар ояти зер асл ва масдари Қуръони карим баён шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Намл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Намл Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Намл Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)